ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

“Конфронси Закот, Андоз ва Гумрук 2024 (ZATCA Conference 2024)”

4-5 декабри соли 2024 дар пойтахти Подшоҳии Арабистони Саудӣ шаҳри Риёз “Конфронси Закот, Андоз ва Гумрук 2024 (ZATCA Conference 2024)” таҳти унвони “Ташаккули оянда барои экосистемаи устувор” баргузор гардид, ки дар кори он Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон иштирок намуд.

 

Дар кори он ҳамчунин, Шодиев Сафар Раҳматуллоевич, сардори шуъбаи Системаи Иттилоотии Автоматонидашуди Ягона, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Каримӣ Акрам Муҳаммадрасул низ иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузории конфронс ҳамчун як платформаи ҷаҳонӣ барои мубодилаи таҷрибаи пешқадам баҳри густариши минбаъдаи робитаҳои гуногунҷанба миёни кишварҳо бо ҷалби роҳбарони мақомоти гумрук ва андоз, роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ, коршиносон ва сармоягузорон буда, дар кори он зиёда аз 10 ҳазор иштирокчӣ ва 50 мутахассисон иштирок намуда, роҷеъ ба рушди рақамикунонӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар идоракунии закот, андоз ва гумрук бо истифода аз воситаҳои зеҳни сунъӣ, блокчейн ва истифодаи самараноки интернет барои пайваст ва мубодилаи маълумотҳо, таҷрибаи пешқадами худро пешниҳод намуданд.

Дар ҳошияи чорабинии мазкур Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо роҳбари мақомоти Закот, Андоз ва Гумруки Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Суҳайл бин Муҳаммад Абанмӣ мулоқот намуда вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳоро дар пешбурди фаъолияти гумрукӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Хуршед Каримзода пеш аз ҳама барои даъвати расмӣ барои иштирок намудан дар чунин як чорабинии сатҳи байналмилалӣ ба Суҳайл бин Муҳаммад Абанмӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, қайд кард, ки ҷонибҳо бо мақсади мустаҳкам гардонидани ҳамкориҳои мутақобилан судманди гумрукӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодаанд.

Роҳбарони мақомотҳои гумруки ҷонибҳо ҳамчун мақоми калидӣ дар содагардонии расмиёти савдо ва гардиши мунтазами тиҷорати байналмилалӣ ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои гумрукиро миёни ду кишвар боз ҳам вусъат хоҳанд дод.

Бояд тазаккур дод, ки дар конфронс масъалаҳои рушди технологияҳои рақамӣ дар идоракунии закот, андоз ва гумрук, таъмини шаффофият ва самаранокии пешбурди фаъолияти мақомоти гумрук, имкониятҳо ва мушкилоти истифодабарии зеҳни сунъӣ дар идоракунии ташкили назорати гумрукӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар рушди иқтисодиёти устувор ва мустаҳкамгардонии ҳамкориҳои судманд дар самти фаъолияти гумрукӣ ва андозӣ аз ҷониби роҳбарони мақомоти гумрук, андоз ва мутахассисони сатҳи байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Инчунин, дар доираи конфронс семинарҳо ва мубоҳисаҳо баргузор гардида, намоишгоҳҳо низ чорабинии мазкур ташкил шуда буд, ки дар он ширкатҳои технологӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ пешниҳодҳои худро барои рафъи монеаҳои мавҷуда ва бавуҷудомада дар пешбурди фаъолияти гумрукӣ ва нигоҳи муосирро дар роҳи ҳалли онҳо иброз доштанд.

Маврид ба зикр аст, ки Конфронси мазкур соли 2019 бори нахуст баргузор гардида яке аз чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб рафта бо ибтикори мақомоти Закот, Андоз ва Гумруки Подшоҳии Арабистони Саудӣ имсол сеюмин маротиба баргузор гардида истодааст.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: