ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БА ИМЗО РАСИДАНИ СОЗИШНОМАИ БАЙНИҲУКУМАТӢ МИЁНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ АРАБИИ МИСР

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср маросими баимзорасонии Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигаӣ дар масъалаҳои гумрукӣ баргузор гардид.

 

Созишномаи мазкур ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Миср дар соҳаи маъмурияти гумрукии байни ду кишварҳо нигаронида шудааст.

Санади мазкур аз ҷониби Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Хайдар ва Вазири банақшагирӣ ва рушди иқтисоди Ҷумҳурии Арабии Миср Рания Ал-Машат ба имзо расонида шуд.

Татбиқи муқаррароти Созишнома мазкур саҳифаи наверо дар таърихи муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср оғоз намуда, ҳамчун заминаи мустаҳкам барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои судманди гумрукӣ маънидод мегардад. Ин омил як қадами муҳим дар самти соддагардонии расмиёти савдо, баланд бардоштани самаранокии назорати гумрукӣ ва таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои дигари афзалиятнок байни мақомотҳои гумруки кишварҳо арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон, Созишнома мазкур ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ба рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва таҳкими иқтидори иқтисодии ҳарду кишвар мусоидат хоҳад намуд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: