26 - 28 ноябри соли 2024 сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук Ҷӯрабекзода Э.Т. ва сардори кафедраи Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук Турсунов Х.М. дар семинари минтақавии Консорсиуми роҳбарони муассисаҳои таълимии мақомоти сарҳадот ва гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуданд.
Семинари минтақавии мазкур бо ташаббуси Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба мусоидат дар идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА - 10) баргузор карда шуд.
Консорсиуми роҳбарони муассисаҳои таълимии мақомоти сарҳадот ва гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолияти худро дар заминаи вохӯрӣ ва семинарҳои солона амалӣ менамояд.
Дар рафти баргузории чорабинии болозикр аз ҷониби намояндагони Барномаи БОМКА-10, коршиносони Иттиҳоди Аврупо ва масъулини мақомоти сарҳадот ва гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳисоботи натиҷаҳои ҳамкории муассисаҳои таълимии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Барномаи БОМКА-10 дар соли 2024, нақшаи дурнамои ҳамкориҳо барои соли 2025 ва муаррифии таҷрибаи пешқадами раванди таълимӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо пешниҳод гардид.
Мақсад аз баргузории Консорсиум ин тақвияти ҳамкорӣ ва мубодилаи маълумот байни муассисаҳои таълимии мақомоти сарҳадот ва гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, инчунин ҷорӣ намудани навовариҳо, дигаргуниҳо ва паҳн намудани таҷрибаи муосир дар раванди таълимии хадамотҳои гумрук ва сарҳадот мебошад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон