Санаи 22 ноябри соли 2024 дар доираи сафари корӣ ба давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Вазорати саноати Ҷумҳурии Индонезия мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла марбут ба вазъи гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Ҷонибҳо ва афзоиши додани ҳаҷми он, масъалаҳои марбут ба фаъолияти гумрукӣ, ва тайёр намудани кадрҳо мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон