Санаи 22 ноябри соли 2024 дар доираи сафари корӣ ба давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Вазорати савдои Индонезия баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла баимзорасонии созишномаи дахлдор оид ба савдои озод миёни ду кишвар, таҳкими ҳамкориҳои сармоягузорӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, нассоҷӣ, энергетика ва гардишгарӣ, табодули сафарҳои мутақобилаи доираҳои соҳибкорӣ ва омӯзиши таҷрибаи якдигар дар самтҳои болозикр мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон