22 ноябри соли 2024 дар доираи сафари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осиёи Ҷанубӣ вохурии ҳайат бо роҳбарияти Эксимбонки Индонезия баргузор гардид.
Дар доираи вохурии мазкур масъалаҳои марбут ба иштироки Эксимбонки Индонезия дар лоиҳаҳои самти инфрасохтор соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, рақамикунонӣ, сайёҳӣ, гумрук ва тиб, маблағгузории амалиётҳои содиротӣ тавассути пешниҳоди хатҳои қарзӣ барои баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар бозорҳои байналмилалӣ, ташкили форумҳо барои рушди тиҷорат ва табодули таҷриба оид ба масъалаҳои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон