ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Сингапур имконияти ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон баррасӣ шуд

21 ноябри соли 2024 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири аршади давлатӣ оид ба корҳои хориҷӣ ва рушди миллии Сингапур хонум Сим Энн мулоқот анҷом дод, ки зимни он ҷонибҳо имконияти ҳамкории дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

Зимни мулоқот масоили имконияти ҳамкории дуҷониба ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои иқтисоди «сабз», неруи «сабз», зеҳни сунъӣ, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, бонкдорӣ, инчунин ташкили даврҳои омӯзишӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маъмурикунонии андоз, молия ва гумрук мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар вохӯрӣ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Сарвазири Сингапур Лоуренс Вонг оид ба нияти рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва даъвати роҳбарияти Сингапур ба Тоҷикистон расонид.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: