ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур иштирок намуд

20 ноябри соли 2024 Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур баргузор гардид, ки дар кори он Муовини Сардори Хадамотигумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори хадамоти гумрук, Шерализода Хуршед иштирок намуд.

 

Дар кори он ҳамчунин, намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳо бо роҳбарони ширкатҳои бузургтарини Сингапур ва намояндагони ассотсиатсияи шабакаҳои тиҷоратии Enterprise 50 (Е50) доир ба имконияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат намуданд.

Дар ҷараёни форум намояндагони вазорату кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вобаста ба зарфияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика, канданиҳои фоиданок, молия, гумрук, кишоварзӣ, сайёҳӣ, рақамикунонӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ рӯнамо пешниҳод намуданд.

Баргузории чунин ҳамоишҳо ба ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои муштарак, рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкории дуҷонибаи иқтисодию сармоягузорӣ мусоидат менамояд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро котиби доимии вазорати савдо ва саноати Ҷумҳурии Сингапур доктор Беҳ Свон Ҷин ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкории мутақобил ва ҷалби доираи соҳибкории Ҷумҳурии Сингапур барои амалисозии лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ мубодилаи афкор намуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: