Муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар санаҳои 4 – 8 ноябри соли 2024 бо сафари корӣ ба идораи марказии Барномаи АСИКУДА-и Конференсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба Савдо ва Рушд, ба шаҳри Женеваи Ҷумҳурии Швейтсария сафарбар гардид.
Зимни сафари корӣ санаи 5 ноябри соли 2024 дар шаҳри Женеваи Ҷумҳурии Швейтсария, Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҷумҳурии Тоҷикистон – Турсунзода Азим Ҳайдар бо роҳбарияти Барномаи АСИКУДА-и Конференсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба Савдо ва Рушд – Рено Масснэ ва Ҳамоҳангсози минтақавии Барномаи АСИКУДА Дмитрий Годунов мулоқоти судманд барпо намуданд.
Сафари корӣ дар доираи “Созишнома доир ба пешниҳоди кумаки техникӣ вобаста ба гузариш ба низоми нави гумрукии АСИКУДА ва амалишавии ислоҳоти гумрукӣ”, ки санаи 22 июни соли 2022 миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конференсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба Савдо ва Рушд ба имзо расонида шуд, баргузор мегардад.
Дар рафти мулоқот бо роҳбарияти Барномаи АСИКУДА-и Конференсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба Савдо ва Рушд, маъсъалаҳо вобаста ба татбиқи ҳадафҳои асосии Лоиҳаи АСИКУДА-и Ҷаҳонӣ, аз ҷумла андешидани тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори кадрии кормандони мақомоти гумрук, ширкатҳои брокерӣ ва дигар иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, таҳияи модулҳои нави системаи иттилоотӣ, содагардонии равандҳои тиҷоратӣ тариқи рақамикунонии онҳо ва ба роҳ мондани ҳамгироии системаҳои иттилоотӣ барои табодули маълумот дар асоси созишномаҳои дуҷонибаи баимзорасида байни кишварҳои иштирокчии Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Бояд қайд намуд, ки ҳадаф аз амалисозии Низоми АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумрук ин гузариш ба сатҳи сифатан нави маъмурикунонии равандҳои барасмиятдарории гумрукӣ, татбиқи шакли пурраи декларатсиякунонии электронӣ, фароҳам овардани имконияти декларатсиякунонии пешакии молу воситаҳои нақлиёт ва ташкили мубодилаи фаврии маълумоти зарурӣ бо вазорату идораҳои давлатии дахлдор дар шакли электронӣ, ҷиҳати содагардонии расмиёти савдо, кам кардани вақти барасмиятдарории гумрукӣ, ҳамоҳангсозии фаъолият дар Равзанаи ягона, шаффофияти расмиёти гумрукӣ барои иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, инчунин, бештар намудани миқдору сифати ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ ба Буҷети давлатӣ мебошад.
Инчунин, дар рафти сафари корӣ силсила вохуриҳо бо дигар бахшҳои идораи марказии Барномаи АСИКУДА-и Конференсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба Савдо ва Рушд ҷиҳати муҳокимаи масъалаҳо оид ба пешрафт ва дурнамои лоиҳа ба нақша гирифта шудааст.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон