ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Форуми байналмилалии гумрукӣ – 2024

Рӯзҳои 29 - 30 октябри соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Форуми байналмилалии гумрукӣ – 2024 баргузор гардид.

 

Дар Форуми байналмилалии гумрукӣ – 2024 Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон иштирок намуданд.

Форуми мазкур аз чониби Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Россия ҳамасола ташкил карда шуда, як платформаи муфид барои табодули таҷрибаи пешқадам дар самти танзими фаъолияти гумрукӣ ба шумор меравад ва он, дар таҳкими муносибатҳои мақомоти гумрук бо доираҳои тиҷоратӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.

Дар Форуми байналмилалии гумрукӣ – 2024 масъалаҳои мубрами фаъолияти гумруки байналмилалӣ, тамоюлҳои калидӣ дар соҳаи фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва тағйирот дар тиҷорати байналмилалӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин, дар чорабинӣ масъалаҳои рақамикунонии савдои хориҷӣ, ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар равандҳои расмиёти гумрукӣ, рушди тиҷорати электронӣ, тағйироти долонҳои логистикӣ ва дигар масъалаҳои муҳим дар самти фаъолияти гумрукӣ, баррасӣ гардид.

Ҳамзамон дар рафти чорабинии мазкур Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Россия оид ба ташкили тартиби содакардашудаи анҷом додани амалиёти гумрукӣ ҳангоми интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ("Долони содакардашудаи гумрукӣ) ба имзо расонида шуд.

Марид ба зикр аст, ки дар кори Форуми мазкур Роҳбари Намояндагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Амириён Ёр Одина, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукии Хадамоти гумрук, подполковники хадамоти гумрук, Ёрмаҳмадзода Комёр Ёрмаҳмад ва сардори КВД “Маркази равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук Файзуллозода Лочин низ ширкат варзиданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: