ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 октябри соли 2024, дар меҳмонхонаи “Хилтон” ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук доир гардид, ки дар кори он намояндагони мақомотҳои давлатӣ, аҳли тиҷорат ва масъулини воҳидҳои сохтории Хадамоти гумрук, иштирок намуданд.

 

Дар ҷаласаи мазкур баррасии масъалаҳои марбут ба рафти амалисозии лоиҳаи “АСИКУДА”-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди рамзгузории электронӣ ва фаъолияти оператори пайгирикунандаи гардиши молҳо ва дигар масъалаҳо мавриди баррасии аҳли нишаст қарор дода шуд.

Ҷаласаро Раиси Шӯро - Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон кушода эълон намуд.

Сараввал Каримзода Х.А. иброз дошт, ки “Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи банди 14-и моддаи 467 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, мақсади он пеш аз ҳама мусоидат намудан дар асоси ҳамкории мутақобилаи мақомоти гумрук бо аҳли тиҷорат ва саноат дар таҳия ва татбиқи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Таҳия ва татбиқи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ҷиҳати таъмини ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мамлакат ва ташкил намудани шароити мувофиқ барои фаъолияти соҳибкорӣ, такмили сохтори амалиёти содиротию воридотӣ ва ҷалб намудани сармояи хориҷӣ равона карда мешавад.

Ба ҳайати Шӯро кормандони масъули Хадамоти гумрук, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, аҳли тиҷорат ва саноат дохил карда шудаанд”.

Инчунин, Каримзода Х.А. оид ба фаъолияти мақомоти гумрук, мухтасар маълумот пешниҳод намуда, дар охир қайд карданд, ки тадбирҳои андешидаи Хадамоти гумрук ҷиҳати ҷорӣ намудан ва истифодаи воситаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, технологияи таҳлилу коркарди маълумотҳо дар шакли электронӣ, бо низоми ғайринақдӣ ва электронӣ пардохт намудани боҷҳои гумрукию андозҳо, таъсиси низоми Равзанаи ягона, мукаммалгардонии идораи таваккал, кушода шудани долонҳои сабз барои тезонидани интиқоли молу воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукӣ, ба имзо расидани созишномаҳо бо мақомоти гумруки давлатҳои хориҷӣ дар бораи мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ, роҳандозии системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, муҷаҳҳазгардонии баъзе аз дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ бо таҷҳизоти муосир ва азнавсозии дидбонгоҳҳои гумрукӣ ба иҷрои босифат ва барзиёди нақшаи пардохтҳои гумрукӣ мусоидат намуданд.

Баъд аз он, тибқи рӯзномаи ҷаласа сухан ба ҳамоҳангсози Лоиҳаи АСИКУДА Григорий Варанит дар мавзӯи “Рафти амалисозии Лоиҳаи АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” дода шуд.

Григорий Варанит бо пешниҳоди рунамо вобаста ба амалишавии Лоиҳаи АСИКУДА маълумоти муфассал пешниҳо намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки моҳи июли соли 2023 Низоми иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври озмоишӣ дар 15 гумрукҳо ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ мавриди истифода қарор дорад.

Бароҳмонии озмоишии Низоми иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи сода гардонидани расмиёти савдо, кам кардани монеаҳо, рушди тиҷорат, таъмини амнияти иқтисодии мамлакат ва рушди ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон қадами муассир аст.

Татбиқи ислоҳоти гумрукӣ ва гузариш ба системаи АСИКУДА имкон медиҳанд, ки дар сатҳи миллӣ системаи пурраи электронии танзими гумрукӣ ҷорӣ гардида, таҷрибаи муосир ва пешқадами байналмилалӣ бо мақсади баланд бардоштани шаффофият, беҳтар намудани назорати идорӣ ва афзоиши пардохтҳои гумрукӣ амалӣ карда шаванд.

Баъд аз анҷоми рунамо аз ҷониби иштирокчиён оид ба давраи пилотии Лоиҳаи АСИКУДА, бартараф намудани мушкилиҳои дар раванди амалисозии лоиҳа муайянгардида, ҳамгироии системаи мазкур бо дигар системаҳо фаъолияткунанда, истифодаи имзои электронӣ, омӯзиши кормандони мақомоти гумрук ҷиҳати истифодабарии системаи АСИКУДА, аз байн бурдани омилҳое, ки ба бекористии қатораҳо оварда мерасонад ва мутобиқсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ саволҳо пешниҳод гардида, аз ҷониби баромадкунанда Григорий Варанит ва иловатан аз ҷониби Муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук Турсунзода А.Ҳ. ба саволҳо ҷавобҳо дода шуд.

Вобаста ба масъалаи дуюм сухан ба директори генералии ҶДММ “Технология Групп” Файзуллозода Файзулло дар мавзӯи «Раванди рамзгузории электронӣ ва фаъолияти оператори пайгирикунандаи гардиши молҳо» дода шуд. Файзуллозода Файзулло дар баромади худ дарҷ намуд, ки дар асоси талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2023, №263 “Дар бораи рамзгузории электронӣ, фаъолияти операторони пайгирикунандаи гардиши молҳо ва раванди назорати онҳо” оғоз аз 1 июли соли 2024 рамзгузории электронии тамокуи коркардшуда, маҳсулоти саноатии ивазкунандаи тамоку ва маҳсулоти тамоку, маҳсулоти дорои никотин, моеи дорои некотин, маҳсулот аз тамокуи гармкардашуда, сигорҳои электронӣ, дастгоҳҳои интиқоли дуд тавассути мушаххаснамоии рақамӣ, ҳама намуди спирт, машрубот ва маҳсулоти спиртдор ва нӯшокиҳои энергетикӣ оғоз гардид.

Бо мақсади таъмини иҷрои муқаррароти қарори мазкур ва амалӣ намудани чораҳои дахлдор, дар якҷоягӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис гардида, нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ тасдиқ карда шудааст. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ якчанд маротиба бо намояндагони ҶДММ «Технология Групп», ки бо назардошти банди 4 қарори болозикр аз ҷониби Кумитаи андоз ҳамчун оператор оид ба пайгирнамоии муомилоти мол таъин карда шудааст, вохӯриҳо гузаронида шуда, масълаҳои марбут ба ҳамгироии системаи иттилоотии мақомоти гумрук бо системаи ташкилшаванда, раванди пайгирнамоии муомилоти мол ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти мақомоти гумрук мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Айни ҳол, аз ҷониби воҳидҳои сохтории мақомоти гумрук барасмиятдарории гумрукии молҳои рамзгузоришаванда танҳо баъди аз ҷониби ширкатҳое, ки маҳсулоташон ворид гардидааст пешниҳод намудани рамзҳои электронии аз ҶДММ “Технология групп” дастрашуда, сурат гирифта истодааст.

Сипас, аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа, вобаста ба ин мавзӯи болозикр фикру ақидаҳо ва таклифу пешниҳодотҳо иброз карда шуд.

Вобаста ба масъалаҳои дигари баррасишавнда муовини раиси Ассотсиатсияи “АВВАТ” Эшонов Б. суханронӣ карда, пешниҳод намуд, ки дар таҷриба ҷиҳати истифодабарии китобчаҳои ББА баъзе мушкилиҳо ба назар мерасанд ва дар сурати ташкил ва баргузор намудан курсҳои бозомӯзии кормандони мақомоти гумрук метавонем мушкилиҳои мавҷударо пасисар намоем. Ҳамзамон, бо қабули Конвенсияи гумрукӣ оиди ҳамлу нақли байналмилалии бор бо истифодаи китобчаи ББА, мо уҳдадор ҳастем талаботи ин санади байналмилалиро ба таври дахлдор риоя намоем.

Раиси Шӯро таклифу пешниҳодҳои аз тарафи иштикорчиён манзургардидаро қобили дастгирӣ шуморида, қайд намуданд, ки котиби Шӯро баррасии пешниҳодоти манзуршударо дар ҷаласаҳои минбаъда таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.

Дар охир Раиси Шӯро аз ҳамкории мутақобила бо иштирокчиён изҳори миннатдорӣ намуда, қайд карданд, ки ҳамкориҳо дар оянда низ бо мақомоти иҷроия ва аҳли тиҷорат хубтар ба роҳ монда мешавад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: