4 октябри соли 2024 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси тантанавӣ роҳбарияти Хадамот, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва ҳайати шахсӣ ҳузур доштанд.
Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - майори хадамоти гумрук, Ҳурматзода Иззатулло Зариф маҷлиси тантанавиро ҳусни оғоз бахшида, аҳли толорро бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд.
Ҳурматзода Иззатулло Зариф иброз намуд, ки таҷлили ин санаи таърихӣ ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009 иртибот дорад.
«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози истиқлолият барои рушди забони миллӣ ва таҳкими мақоми давлатии он пайваста тадбирҳои муассир андешида, барои пешбурди ин самти сиёсати миллӣ тамоми заминаҳоро фароҳам овардааст», -баён дошт ӯ.
Арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти мардум нақши барҷаста дорад, вазифаи инсониву виҷдонии ҳар фард ба ҳисоб меравад.
Баъдан, аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук ҷиҳати гиромидошт ва арҷгузорӣ ба Рӯзи забони давлатӣ маърӯза намуданд.
Таъкид гардид, ки гӯётарин далели ҳастии забони тоҷикӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар он зоҳир меёбад, ки миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳангу тамаддуни хешро бо ҳамин забон иншо ва дар саҳифаҳои тиллоии таърих сабту ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.
Дар анҷом Ҳурматзод И. З. бори дигар иштирокдорони маҷлиси тантанавиро бахшида ба ҷашни Рӯзи забони давлатӣ муборакбод намуда, дар кору рӯзгорашон бурдборӣ таманно намуд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон