15-16 августи соли 2024 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон 23-юмин ҷаласаи Кумитаи ҳамкориҳои гумрукии ҳамкориҳои иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ҲИМОМ) баргузор гардид, ки дар он аз мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми сардори Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук, Турсунзода Азим Ҳайдар ва сардори Раёсати ташкили назорати гумрукӣ, полковники хадамоти гумрук, Шарипов Ҷовидон Аминҷонович иштирок намуданд.
Баргузории чорабинии болозикр бо ибтикори Барномаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ҲИМОМ) дар доираи Кумитаи ҳамкориҳои гумрукӣ сурат гирифта, дар он масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштараки минтақавӣ ва ташабусҳои миллӣ аз қабили лоиҳаи озмоишии такмилгардиди системаи транзитӣ, мубодилаи умумии маълумот ва дигар масъалаҳои мубрами соҳаи гумрук мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ ин таҳияи нақшаҳо ва чорабиниҳо бо мақсади дастгирии самтҳои асосии ҳамкориҳои гумрукӣ, аз қабили идораи ҳамгирошудаи таваккал, содагардонии транзити минтақавӣ, рақамисозӣ ва гумрукҳои сабз равона гардида буд.
Ҳамзамон, аъзоёни Кумитаи ҳамкориҳои гумрукӣ дар бораи лоиҳаҳои миллии марбут ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти гумрукии Кумита маълумоти навро пешниҳод намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон