Давраҳои омӯзишӣ дар мавзуи “Таҳлили акси дастгоҳи рентгенӣ, нусхабардорӣ тавассути таъминоти барномавии Simfox” аз ҷониби кошиносони ширкати британявии RENFUL бо ташаббуси Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Душанбе, дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук гузаронида шуд.
Давраҳои омӯзишии мазкур дар ду марҳила ба таври назариявӣ ва амалӣ санаҳои 24 – 26 ва 29 -31 июли соли ҷорӣ баргузор гардид, ки дар чорабиниҳои мазкур 10 нафар корманди мутасаддӣ аз раёсатҳои дастгоҳи марказӣ, минтақавии гумрукӣ ва Донишкада, иштирок намуданд.
Барномаи омӯзишии Simfox дар аксар мақомотҳои гумруки кишварҳои ҷаҳон мавриди истифода қарор дошта, самаранокии худро дар баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии кормандон ва пешгирӣ ва дарёфти интиқоли ғайриқонунии мол расонида истодааст.
Тавассути он аксҳои воситаҳои нақлиёт, эҳтимолияти ҷойҳои барои пинҳонгоҳҳо истифодашаванда, сохтори таркибии воситаҳои нақлиёт дақиқ муоина гардида бо рангҳои тасвирии рентгенӣ мушаххас карда мешаванд.
Барномаи мазкур барои омӯзиши минбаъдаи кормандон дар 11 дастгоҳи компютерии Донишкадаи такмили ихтисос насб гардида, муддати истифодаи он се сол мебошад. Тавассути барномаи мазкур кормандони мутасаддии дар дастгоҳи рентгени фаъолияткунанда марҳила ба марҳила ба курсҳои омӯзиши даъват карда мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки давраҳои омӯзишӣ дар мавзуи “Таҳлили акси дастгоҳирентгенӣ, нусхабардорӣ тавассути таъминоти барномавии Simfox” аз ҷониби кошиносониширкати британявии RENFUL бо ташаббуси Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Душанбе, дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук гузаронида шуд.
Ҳамчунин, дар ҳошияи ин тренинг вохӯрии кории сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук Ҷурабекзода Эраҷ Тоҷиддин бо Дугласс Экхардт, сардори барномаи назорати содирот ва амнияти сарҳадии сафорати ИМА ва намояндагони сафорати ИМА ва ширкати Renful баргузор гардид.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон