Бо мақсади амалисозии самараноки системаи иттилоотии АСИКУДА дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 1 то 12 июли соли 2024 аз ҷониби лоиҳаи АСИКУДА-и Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд барои кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсатҳои минтақавии гумрукӣ машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.
Мақсад аз баргузории машғулиятҳои омӯзишӣ такмили ихтисоси кормандони мақомоти гумрук вобаста ба истифодабарии системаи иттилоотии АСИКУДА иборат буда, иштирокчиёни машғулиятҳо бо имкониятҳои функсионалии система ба дар самти барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукӣ ба таври назариявӣ ва амалӣ тадрис карда шуданд.
Дар фарҷом санаи 12 июли соли ҷорӣ ба кормандони мақомоти гумрук барои иштироки фаъолона дар машғулиятҳои омӯзишӣ, аз ҷониби коршиносони Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд сертификатҳо тақдим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон