ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Курси такмили ихтисос дар самти “Барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии молу воситаҳои нақлиёт»

Аз санаи 10 то 14 июни соли 2024 бо мақсади иҷроиши муқаррароти банди 9 қарори Мушовараи Хадамоти гумрук аз 9 апрели соли 2024, таҳти №2 ҷиҳати мукаммал гардонидани сатҳи донишу малакаи тахассусии кормандони мақомоти гумрук, мутобиқи фармоиши Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №74-ф аз 07 июни соли 2024, дар Донишкадаи такмили ихтисоси мақомоти гумрук курси такмили ихтисос дар самти “Барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии молу воситаҳои нақлиёт» ташкил ва гузаронида шуд.

 

Дар асоси фармоиши болозикр 24 нафар роҳбарияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ ва дохилии раёсатҳои минтақавии гумрукӣ ба курси мазкур ҷалб гардидаанд, аз ҷумла аз Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе - 5 нафар, Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд - 7 нафар, Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон - 5 нафар, Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода - 4 нафар ва аз Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ - 3 нафар.

Машғулиятҳо мувофиқи барномаи таълимӣ ва ҷадвали дарсӣ ба таври лексионӣ ва намоишӣ дар самтҳои тартиби барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт, мафҳум ва шаклҳои назорати гумрукӣ, тартиби ҳисоб ва ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ва хироҷҳои гумрукӣ, низомҳои гумрукӣ ва шартҳои ҷойгир намудани молу воситаҳои нақлиёт таҳти онҳо, тартиби муайян намудани арзиши гумрукии молҳои воридотӣ, шартҳои молрасонии Инкотермс -2020, номгӯи молии фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, тартиби муайян намудани рамзи мол ва кишвари истеҳсоли мол, тартиби пешниҳоди шакли электронии декларатсияи гумрукии бор тавассути “Разанаи ягона” ва механизми коркарди маълумотҳо, шиносоӣ бо тартиби кори системаи АСИКУДА, омӯзиши қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеаи ва хадамоти дини кишвар, гузаронида шуданд.

Ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ гузаронидани машғулиятҳо ва фаҳмондадиҳии камбудиҳои ҷойдошта дар раванди барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт роҳбарияти раёсатҳои ташкили назорати гумрукӣ, батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ, ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, лабороторияи марказии гумрукӣ, КВД Равзанаи ягона ва коршиносони лоиҳаи АСИКУДА даъват карда шуда, аз ҷониби онҳо машғулиятҳо гузаронида шуд.

Шунавандагон вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта дар рафти расмиёти гумрукӣ иттилоъ пайдо намуда, барои бартараф намудани онҳо омодагии худро иброз намуданд.

Ҷиҳати муайян намудани сатҳи азхудкунии Барномаи таълимӣ аз ҷониби шунавандагон Комиссияи қабули имтиҳон аз ҳисоби роҳбарияти раёсатҳои дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук таъсис дода шуд.

Дар фарҷоми курси мазкур, аз тарафи роҳбарияти Донишкада, тавсияҳо дар самти зоҳир намудани таваҷҷуҳи махсус вобаста ба дурӯст хонапури намудани сутунҳои декларатсияи бори гумрукӣ, катъиян риоя намудани арзишҳои тавсияшаванда, роҳ надодан ба сохтакории хуҷҷатҳо, бурдани корҳои фахмондадиҳи ба субъектҳои фаъолияти иктисоди хориҷӣ ва пайваста такмил додани савияи дониш ва малакаи касбӣ манзур карда шуд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: