ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Машғулиятҳои омӯзишӣ оид ба истифода намудани воситаҳои техникии назорати гумрукӣ

Бо мақсади такмил додани сатҳи донишу малакаи тахассусии кормандони мақомоти гумрук дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 то 24 майи соли 2024, машғулият оид ба такмили ихтисос дар самти “Тартиби самаранок истифода намудани воситаҳои техникии назорати гумрукӣ” ташкил ва баргузор карда шуд.

 

Машғулиятҳо мувофиқи барномаи таълимӣ ва ҷадвали дарсӣ ба таври лексионӣ ва амалӣ баргузор гардида дар он 19 нафар кормандони раёсатҳои минтақавии гумрукӣ ва лабораторияи гумруки марказӣ ҷалб карда шуданд.

Ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ баргузор гардидани машғулиятҳо кормадони собиқадор аз Раёсати ташкили назорати гумрукӣ ва шуъбаи оперативӣ навбатдории Хадамоти гумрук даъват карда шуда, аз ҷониби онҳо лексияҳои назариявӣ ва амалӣ оид ба қоидаи бехатарии истифодаи воситаҳои техникии назорати гумрукӣ, моҳият ва нақши воситаҳои техникии назорати гумрукӣ дар рафти иҷроиши вазифаҳои оперативии мақомоти гумрук, шаклҳои назорати гумрукӣ ва тартиби тадбиқи онҳо, назорат ва муоинаи гумрукӣ бо истифода аз воситаҳои техникӣ, тартиби истифодаи воситаҳои техникии ташхиси зудамали ҳуҷҷатҳои гумрукӣ, тартиби истифодаи воситаҳои техникии дастаи СТ – 40 аз қабили индаскоп, бастер, пейҷер ва сихҳои муоинавӣ, таснифоти воситаҳои техникии ҷустуҷӯӣ ва ошкорсозии ҳолатҳои вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ тавассути онҳо, истифодаи воситаҳои техникии назорати гумрукӣ барои ошкорсозии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои тарканда, сохт ва тартиби самаранок истифода намудани воситаи техникии тамғаи “Рапискан”, тартиби истифодабарии яроқҳои оташфишони тамғаи “Калашников” ва “Макаров” баргузор карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки истифодаи таҷҳизотҳои болозикр самаранокии назорати гумрукиро баланд намуда, имконият медиҳад, ки интиқоли ғайриқонунии молҳо аз сарҳади гумрукӣ пешгирӣ карда шавад.

Дар рафти машғулиятҳои омӯзишӣ аз ҷониби дастурдиҳандагон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», моҳияти Кодекси одоби касбӣ ва рафтори хизматии кормандони мақомоти гумрук, суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар низ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки санаи 23 майи соли ҷорӣ машғулиятҳои амалӣ дар дастгоҳи калонҳаҷми рентгении “Рапискан” дар дидбонгоҳи гумрукии “Терминал”-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе доир карда шуд, ки шунавандагон бо сохтор ва тарзи кори дастгоҳи мазкур шиносоӣ пайдо намуда, оид ба истифодаи он маълумотҳои заруриро аз худ намуданд. Дар ин радиф шунавандагон ба гурӯҳҳо ҷудо карда шуда, ҳар як нафар дар алоҳидагӣ тавассути дастгоҳи рентгении “Рапискан” воситаи нақлиёти автомобилии боркашро муоина карда, ҳамчунин бо қисмҳои воситаи нақлиёти автомобилӣ, ки дар онҳо эҳтимолияти ташкил намудани пинҳонгоҳҳо барои интиқоли ғайриқонунии молҳо мавҷуд аст, шиносоӣ пайдо намуданд.

Истифодаи таҷҳизотҳои болозикр самаранокии назорати гумрукиро баланд намуда, имкон медиҳанд, ки интиқоли ғайриқонунии молҳо аз сарҳади гумрукӣ пешгирӣ ва дарёфт карда шавад.

Ҷиҳати муайян намудани сатҳи азхудкунии Барномаи таълимӣ аз ҷониби шунавандагон Комиссияи қабул таъсис дода шуд.

Санҷиш ба таври амалӣ, вобаста ба истифодаи воситаҳои техникии назорати гумрукӣ доир ва рафти супоридани он наворбардорӣ гардид.

Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки шунавандагон тартиби дуруст ва самаранок истифода намудани воситаҳои техникии назорати гумрукиро аз худ намуда, дар муоинаи гумрукии молу воситаҳои нақлиёт онҳоро озодона мавриди истифода қарор дода метавонанд. Дар ин асос ба онҳо Сертификат дода шуд.

Дар фарҷоми курси мазкур, аз тарафи роҳбарияти Донишкада, тавсияҳо дар самти софдилона иҷро намудани вазифаву ӯҳдадориҳои хизматӣ, самаранок истифода намудани воситаҳои техникии назорати гумрукӣ дар рафти муоинаи гумрукии молу воситаҳои нақлиёт, дар сатҳи раёсатҳои минтақавии гумрукӣ ба ҳайси коршинос эътироф ва ҷалб гаридани шунавандагони курси мазкур ҷиҳати дар машғулиятҳои тахассусӣ омӯзондани дигар кормандони гумрук ва дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ ва пайваста такмил додани савияи дониш ва малакаи касбӣ дастуру маслиҳатҳо манзур карда шуд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: