Сол то сол дар кишварамон баҳри сарсабзу хуррамгардонӣ ва кабудизоркунии коргоҳу маҳал диққати аввалиндараҷа дода шуда, навъҳои гуногуни гулу буттаҳо ва дарахтони ҳамешасабз шинонида мешаванд. Маъракаи ниҳолшинонӣ аз моҳи ноябр шурӯъ гардида, то аввали фасли баҳор идома меёбад. Дар ин мавсим дар тамоми корхонаву муассисаҳо маъракаи ниҳолшинонӣ низ оғоз меёбад.
Чунин як иқдомро кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе низ пеша намуданд. Танҳо дар моҳи майи соли ҷорӣ дар гирду атрофи бинои дастгоҳи марказии Раёсат навъҳои гуногуни гулу буттаҳо шинонида шудааст. Аз ҷумла 4200 дона гули навъи календула, 1800 дона гули салвия ва 1200 дона навъи карнайчагул (петуния) шинонида шудааст.
Бояд гуфт, 445 метри муррабаи ҳудуди дастгоҳи марказии раёсатро майдони сабз ташкил дода, гирду атрофи бино бо 72 дона ниҳолу дарахтони сояафкану ороишӣ ва 156 дона гули садбарг ороиш дода шудаанд. Инчунин 112 метр буттаи деволи ҳамешасабз ба фасоҳати бино зебогии дигаре зам менамоянд.
Таъкид гардид, ки корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ яке аз рисолатҳои роҳбарият ва кормандони Раёсат маҳсуб ёфта, дар ин самт бо сафарбаркунии тамоми имкониятҳову захираҳо чораҳои судманд андешида шуда истодааст. Дар оянда низ сарсабзу хуррамгардонӣ дар бинои мазкур идома хоҳад ёфт.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон