Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва фармоишу супоришҳои роҳбарияти Хадамоти гумрук, инчунин баҳри дар амал татбиқ намудани «Барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии кишвар барои давраи то соли 2040», роҳбарияти Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода тасмим гирифтаанд, ки гирду атрофи раёсат ва дидбонгоҳҳои гумрукиро бо гулу буттаҳо ва дарахтҳои гуногун ободу зебо гардонанд.
Баробари ворид гардидан ба саҳни Раёсат воқеан, эҳсос мегардад, ки кормандони ин ниҳод баҳри сарсабзии он ҷаҳду талош варзидаанд. Ду тарафи даромадгоҳи биноро гулҳои рангоранг ва дарахтони сабзу зебо оро дода, ҷо-ҷойи он аллакай дарахтони мевадиҳанда ҳосили фаровон ба бор овардаанд.
Замони боздид аз боғи Раёсат бароямон айён гардид, ки дарахтони дар боғ киштгардида дар солҳои гуногун шинонида шудаанд ва тӯли чанд сол дар баробари тоза гардонидани ҳавои дохили бино, инчунин кормандони он низ аз мевваҳои шаҳдбораш ком ширин намудаанд.
Маълумот дода шуд, ки танҳо дар соли ҷорӣ гулу буттаҳо ва дарахтони зиёде низ шинонида шудааст. Танҳо дар боғу саҳни Раёсат зиёда аз 200 дона гулҳои ороишӣ ва садбарг, 32 адад дарахти мевадиҳандаи гелос, 15 бех токи ангур, 10 ададӣ дарахтони олу, нок, анҷир, 20 адад дарахти олуча ва 7 адад дарахти ороишии «Пальма» шинонидаанд.
Ҳамчунин, дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ низ дарахту гулҳои гуногун кишт гардидааст. Дар Дидбонгоҳи наздисарҳадии «Дӯстӣ» 80 адад дарахти арча, 2800 дона гули садбарг, 54 адад дарахтони мевадиҳанда ва дарахти бот (сирень) шинонида шудааст. Роҳбарияти дидбонгоҳи гумрукӣ дар шаҳри Ҳисор низ баҳри сарсабзу хуррамгардонӣ камари ҳиммат бастаанд. 20 адад дарахти арча, 10 ададӣ дарахтҳои себ, олуча ва олӯ дар худи дидбонгоҳи мазкур ва дар Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Ҳисор 20 адад дарахти арча, 15 бех ниҳоли себ, 20 адад дарахти гелос, 20 ниҳоли олӯ ва 20 адад дарахти хурмо шинонида шудаанд. Дар дидбонгоҳи гумрукии дар Истгоҳи роҳи оҳани «Регар» бошад, 5 адад дарахти сӯзанбарг – арча ва 30 ниҳол гулҳои ороишии садбарг шинонида шудааст.
Бояд гуфт, Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода бо мақсади тақвият бахшидани корҳои ободу зебогардонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи биноҳои воҳидҳои сохтории тобеи Раёсат, роҳбарони воҳидҳои сохтории раёсатро вазифадор намудаанд, ки бо мақсади гузаронидани корҳои ободониву зебогардонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани ҷойҳои кории худ ҳар рӯзи шанбеи ҳафта шанбегию ҳашарҳои дастаҷамъона баргузор намоянд. Минбаъд низ баҳри иҷрои «Барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии кишвар барои давраи то соли 2040» ин амалро идома хоҳанд дод.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон