Истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои он, инчунин солимгардонии муҳити зист вазифаи тамоми шаҳрвандони кишвар маҳсуб меёбад. Қарзи маънавии тамоми мардуми кишвар ба ҳисоб рафта, моро мебояд, баҳри сарсабзу хӯррамгардонии маҳалли зист, ҷойи истиқомат, муассисаву коргоҳи хеш камари ҳиммат бубандем.
Ҳукумати мамлакатамон низ дар ин самт корҳои назаррасе ба сомон расонда, баҳри ҳифзи табиат қонуну санадҳои мушахас қабул гардидааст. Яке аз онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат» аст, ки 27 декабри соли 1993 қабул гардида, фасли XII-и он пурра ба таълиму тарбия, тадқиқоти илмии экологӣ бахшида шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки тавассути захираҳои табиат инсон талаботи моддию маънавии хешро қонеъ мегардонад. Бинобар ин, истифодаи оқилона ва ҳифзи онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа маҳсуб ёфта, омӯхтани захираҳои табиат ва муносибати оқилона ба истифодаи онҳо боиси пешрафти зиндагии шоиста мегардад.
Азбаски имрӯзҳо масъалаи экологӣ яке аз муҳимтарин мушкилотҳои ташвишоварандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, моро зарур аст, ки баҳри ҳимояи ҳифзи табиат аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоем. Зеро таъсироти тағйирёбии иқлим метавонад ба саломатии инсон таъсири хатарнок расонда, дар натиҷаи таъсири тағйирёбии иқлим ва моддаҳои ифлоси табиӣ инсон метавонад саломатии худро аз даст бидиҳад.
Яке аз роҳҳои ҳифзи муҳити зист ва табиат ин пеш аз ҳама, сабзу хуррамгардонии маҳали зист ва муассисаву корхонаҳо мебошад. Сол то сол дар кишварамон тамоми корхонаву муассисаҳо баҳри сабзу хӯррамгардонии макони кориашон талош варзида истодаанд.
Роҳбарияти Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии «Дӯстӣ»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода низ ба хотири ҳифзи муҳити зист, гирду атрофи дидбонгоҳро пурра сабзу хуррам гардонидаанд. Аз ҷумла 80 адад дарахти арча, 2800 дона гули садбарг, 54 адад дарахтони мевадиҳанда ва дарахти бот (сирень) дар дидбонгоҳ шинонида шудааст, ки ба бино ва атрофи он зебогии дигаре зам менамояд.
Бинобар ҷойгир будани ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик» (ТАЛКО) дар шаҳри Турсунзода, сабзу хӯррамгардонии гирду атрофи дидбонгоҳ саривақтӣ буда, баҳри ҳифзи табиат таъсири муассир хоҳад гузошт. Роҳбарияти дидбонгоҳ дар оянда низ тасмим доранд, то ин амали хешро идома дода, баҳри ободу зебо гардонидани макони корӣ, ҳифзи табиат ва тоза нигоҳ доштани боду ҳавои минтақа саҳми назарраси хешро гузоранд.
Беҳуда нагуфтаанд, ки дасти инсон гул аст. Танҳо инсон қодир аст, ки ҷанглазореро ба сабзазор табдил бидиҳаду табиатро ободу зебо нигаҳ бидорад. Танҳо инсон дар рӯи замин сарчашмаи ҳамаи ободиҳо, озодиҳо ва пешравию комёбиҳои ҳаёт буда метавонад. Тамоми мавҷудоти олам тавассути меҳнати фидокоронаи инсон арзи ҳастӣ мекунад. Инсоне, ки поккору тозакор аст ва табиатро зинда гардонида, ба он тозагӣ мебахшад. Тозагие, ки маъниҳои покӣ, муҳити тоза аз ифлосиҳо, покии обу дигар сарватҳо, покии ашёи рӯзгор, манзили истиқоматӣ ва коргоҳу гулгаштро дорад.
Набояд фаромӯш сохт, ки агар муҳити зист ва маводи истеъмолӣ поку тоза набошад, инсон наметавонад тансиҳат гардад. Гарави солимии ҳар як инсон ба тозагии худи ӯ ва атрофаш вобаста аст. Пас, бояд мулоҳизакор буд, ба тозаву озода нигоҳ доштани ҳар гушаи диёр талош варзид, то муҳити солиму озода ва сиҳатмандии бардавом дошта бошем.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон