ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Тошканд ҷаласаи 78-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид

26 апрели соли 2024 дар ш.Тошканд (Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ҷаласаи 78-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарони хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.

Зимни мулоқот як қатор масъалаҳои ҳамкории байниидоравӣ, аз ҷумла дар таҷриба истифодабарии пломбаҳои навигатсионӣ барои пайгирии ҳамлу нақл, Ёддошти тафоҳум байни хадамоти гумруки давлатҳои аъзои ИДМ оид ба соддагардонии ҳамлу нақли транзитӣ, рушди ҳамкориҳои транзитӣ баррасӣ ва мувофиқа карда шуданд. Инчунин, лоиҳаи Протокол оид ба ташкили портали транзитии хадамоти гумрукии давлатҳои аъзои ИДМ ва илова бар ин, рафти мувофиқа кардани се лоиҳаи созишномаҳое, ки аз ҷониби Шӯро таҳия карда мешаванд, баррасӣ ва мувофиқа карда шуданд.

Роҳбари Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои аъзои ИДМ иҷрокунандаи вазифаи сардори Хадамоти федералии гумрук Давыдов Р.В. интихоб намуда, котиби он сардори Раёсати ҳамкориҳои гумрукии Хадамоти федералии гумрук Субочев Д.Г. таъин гардид.

Дар ҷаласаи 78-уми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои аъзои ИДМ пешниҳод карад шуд, ки моҳи сентябри соли 2024 ҷаласаи навбатии 79-уми Шӯро дар Владивосток (Федератсияи Русия) баргузор карада шавад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: