ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзҳои 25-26 апрел дар Тошканд ҷаласаи 78-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад.

Дар ҷаласаи 78-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои узви ИДМ ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон иштирок мекунад.

 

Рӯзи 25 апрел меҳмонон ба Кумитаи гумруки назди Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф оварда, бо фаъолияти Маркази барасмиятдарории гумрукӣ ва Лабораторияи марказии гумрукӣ шинос шуданд.

Лабораторияи марказии гумрукии Ӯзбекистон, ки соли 2021 мақоми озмоишгоҳи минтақавии Созмони ҷаҳонии гумрукро гирифтааст, яке аз 10 лабораторияи дорои чунин мақом дар ҷаҳон аст.

Интизор меравад, ки дар мулоқот роҳбарони хадамоти гумруки Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок намоянд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: