ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дарсҳои сайёр дар РМГ-ҳо.

Бо фармоиши Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №08-ф аз 11 январи соли 2024, дар Раёсатҳои минтақавии гумрукӣ ва воҳидҳои зерсохтори онҳо аз таърихи 15.01.2024с то 06.02.2024с, дарсҳои сайёр бо мақсади тарғиби муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохили ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки 28 декабри соли 2023 ироа гардида, ҳамзамон дарсҳои тахассуси дар мавзуҳои зерин: “Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ”, “Кодекси одоби касбӣ ва рафтори хизматии кормандони мақомоти гумрук”, “Системаи идораи таваккал дар фаъолияти мақомоти гумрук”, “Дар барои амалисозии стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” аз ҷониби кормандони Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук гузаронида шуд.

 

Маврид ба зикр аст, ки дар Паёми навину роҳнамои Сарвари давлат самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ роҷеъ ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисод, саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, вазифаҳои мушаххас гузошта шудаст, ки дар дарсҳои сайёр аз ҷониби кормандони донишкада шарҳу тавзеҳ дода шуд. Ҳамзамон Пешвои миллат таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти фаровонии захираҳои гидроэнергетикӣ, иқтидори бузурги истеҳсоли “Энергияи сабз” ва содироти он, дар ҷодаи ноил гардидан ба ҳадафи стратегии худ – расидан ба истиқлоли энергетикӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Яъне, Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи “иқтисоди сабз” соли 2037 воқеан ба “кишвари сабз” табдил меёбад. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад. Дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад.

Аз ҷониби кормандони донишкада ҳамзамон, масъалаҳои дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон, 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2024 ҳамчун соли “Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон”, донистани забонҳои хориҷӣ ва форо гирифтани мардум барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ёдрас намуданд. Дар маҷмуъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ин санади стратеги ҳуҷҷати раҳнамо ва барномаи мукаммали давлатӣ мебаша,д ки ҳар як корманди мақомоти гумрук онро бояд сармашки кору фаъолияти ҳаррузаи худ қарор диҳад. Ҳамзамон, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нуқтаҳои он саъю кӯшиш, инчунин саҳми худро гузоранд.

Вобаста ба Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, иброз доштанд, ки Стратегияи мазкур бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №145 аз 20 марти соли 2021, қабул гардида, дар доираи ин санади давлатӣ Нақша чорабиниҳои дохилиидоравӣ ҷиҳати иҷрои бандҳои Стратегия бо фармоиши Сардори Хадамоти гумрук №64 аз 30 04.2021с., барои иҷроиши минбаъда қабул гардидаро ба самъи кормандон расонида шуд.

Инчунин дар рафти дарсҳои сайёр оиди омӯзиши “Кодекси одоби касби ва рафтори хизматии шахсони мансабдори мақомоти гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармоиши Хадамоти гумрук №175 аз 4.11.2008с., қабул гардида, аз ҷониби кормандони Донишкада, вобаста ба талаботҳои муқарраршудаи Кедекси мазкур марузаҳо ироа гардид.

Дар рафти дарсҳои сайёр аз ҷониби кормандони донишкада аз кормандони Раёсатҳо ва зерсохтори онҳо даъват ба амал оварда шуд, ки минбаъд низ ҷиҳати мукамалгардонии савияи донишу малакаи худ мавзуҳои болозикрро дар дарсҳои тахассуси иловатан бозомӯзи намоянд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: