ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрии кории муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини вазири тиҷорати Ҷумҳурии Туркия

Дар шаҳри Анқара ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми сардори Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар дар вохӯрии кории мақомотҳои гумруки Тоҷикистону Туркия ширкат варзид.

 

Дар ҳошияи чорабинии мазкур 28 феврали соли 2024 муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар бо муовини масъули самти фаъолияти гумрукии вазири тиҷорати Ҷумҳурии Туркия Сезай Учармак вохӯрӣ намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо густариши муносибатҳои тиҷорати хориҷӣ, ҷалби сармоя, ба роҳ мондани робитаҳои дуҷониба байни мақомотҳои гумруки тарафҳо ва мубодилаи электронии маълумоти гумрукиро муҳим арзёбӣ намуда, ба тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва раванди идомаи татбиқи лоиҳаҳои муштарак диққати аввалиндараҷа зоҳир намуданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Туркияро дар самти фаъолияти гумрукӣ ва татбиқи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии афзалиятноки гумрукии дар нақша-чорабиниҳои Протоколи ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия воридгардидаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо Протоколи вохӯрӣ ба имзо расонида, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои судманд ибрози омодагии хешро зоҳир намуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: