ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия созишнома дар бораи эътирофи тарафайни мақомоти танзимгарони ваколатдори иқтисодиро ба имзо расониданд.

21 ноябри соли 2023 дар ш. Москва (Кремл) дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия созишнома дар бораи эътирофи тарафайни мақомоти танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ ба имзо расид.

 

Ҳуҷҷатро Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ва иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия Руслан Давидов ба имзо расониданд.

Созишнома болозикр имкон медиҳад, ки раванди тезонидани интиқоли молҳо миёни кишварҳо аз ҷониби иштирокчиёни бо эҳтимодӣ фаъолияти иқтисодии хориҷӣ сода карда шавад. Ҳангоми таҳвили мустақим байни танзимгаронӣ ваколатдори иқтисодии Тоҷикистон ва Русия амалиётҳои азназаргузаронӣ ва муоинаи гумрукӣ дар навбати аввал анҷом дода мешавад. Ҳамзамон, назорати ҳуҷҷатии гумрукӣ ва амалии он дар ҳаҷми ҳадди аққал барои риояи қонунгузории гумрукӣ гузаронида мешавад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: