Санаи 18 октябри соли 2023 дар шаҳри Пекин сеюмин Форуми байналмилалии "Як камарбанд- Як роҳ" ба кор шурӯъ намуд.
Маросими ифтитоҳи форум бо суханронии раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпин оғоз гардид.
Дар чорабинии мазкур Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук, Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо даъвати расмӣ ширкат варзида, дар он намояндагони 130 кишвар ва 30 созмони бонуфузи байналмилалӣ ҳузур доштанд.
"Як камарбанд- Як роҳ" ташаббуси байналмилалии Чин барои такмил додани долонҳои нави тиҷоратӣ ва нақлиётӣ ба шумор меравад ва беш аз 60 кишвари Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Африқоро пайваста барои пешбурди рушди муносибатҳои тиҷоратии байни кишварҳо ва Чин пешбинӣ шудааст.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон