ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрии роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳошияи сеюми Форуми байналмилалии «Як камарбанд як роҳ»

Санаи 17 октябри соли 2023 Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон дар ҳошияи сеюми Форуми байналмилалии «Як камарбанд як роҳ» дар вохӯрии роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Халқии Хитой иштирок ва суханрони намуд.

Хуршед Каримзода зимни суханронии худ оид ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти содагардонии расмиёти савдо, рақамикунонии соҳаи гумрук ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа ибрози назар намуда, қайд намуд, ки ҷоннок кардани ҳамкори байни мақомоти гумруки минтақа баҳри зиёд намудани гардиши тиҷорати хориҷӣ, пешгирии воридшавии ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт бо роҳи мубодилаи электронии маълумот ва дигар самтҳои афзалиятнок, ба манфиати кор хоҳад буд.

Роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҳавасмандии хешро барои таҳкими ҳамгироии муштарак дар масъалаҳои ҳамгироии низоми “Равзанаи ягона” дар тиҷорати хориҷӣ, бартараф намудани мушкилиҳо дар гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ, тақвияти татбиқи низоми “Идораи таваккал” ва пешбурди механизми “Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ”, иброз намуданд.

Дар фарҷом ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки чунин мулоқотҳоро мунтазам баргузор намуда, харитаи роҳро дар доираи гурӯҳҳои кори ҷиҳати амалисозии вазифаҳо ва мақсадҳои мубрами соҳа, таҳия ва тасдиқ хоҳанд кард.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: