ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маросими ба истифода додани иншооти сохташуда дар Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии “Кокул”

Дар замони навин иқтидори муҳофизатӣ, ё худ хизматрасониҳои марзиву гумрукӣ бо ҷорӣ гардидани низоми ҳамқадами замон таҳким меёбад.

 

Бо ин мақсад санаи 27 сентябри соли 2023 бо иштироки Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф, Раиси ноҳияи Фархор Вализода Зариф, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошихиро Аики, Намояндаи доимии Барномаи Рушди Созмони Милали Мутаҳид дар Тоҷикистон Ленни Монтиел, Муовини якуми Фармондеҳ – сардори Сарситоди Кушунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майор Пиракзода Ҳикматулло, Намояндаи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории Байналмилалӣ JICA дар Тоҷикистон Имаи Сейҷу, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асламзода Муродбек ва кормандони масъули мақомоти гумрук маросими ифтитоҳи расмии ба истифода додани иншооти сохташуда дар Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии “Кокул”-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон баргузор гардид.

Зимни суханронии худ, Ҳурматзода Иззатулло, ташрифи меҳмононро ба Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии “Кокул” хайрамақдам намуда, иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза пурсамар буда, дар таҳким ва густариши ҳамкориҳои гумрукӣ заминаи мусоид ва устуворро фароҳам хоҳад овард.

Ҷиҳати густаришу тавсеаи ҳамкориҳо байни мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аз қабили Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалии JICA як қатор масъалаҳои муҳим дар самти фаъолияти гумрукӣ ҳалли худро ёфтаанд ва асоси ин гуфтаҳоро маросими имрӯзаи ифтитоҳи расмии Дидбонгоҳи назорати гумрукии наздисарҳадии “Кокул” тасдиқ менамояд, ки он дар заминаи лоиҳаи “Рушди ҳамкориҳои фаромарзӣ тавассути идоракунии самараноки марзи Тоҷикистон бо Афғонистон” бо дастгирии молиявии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалии JICA ба маблағи 1,8 миллион доллари ИМА амалӣ гардидааст.

Маврид ба зикр аст, ки дар маросими ба истифода додани иншооти болозикр, инчунин Раиси ноҳияи Фархор, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндаи доимии Барномаи Рушди Созмони Милали Мутаҳид дар Тоҷикистон, Муовини якуми Фармондеҳ – сардори Сарситоди Кушунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндаи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории Байналмилалӣ JICA дар Тоҷикистон ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ суханронӣ намуда, доир ба имкониятҳое, ки истифодаи “Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии “Кокул” барои мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё шудааст, ибрози назар намуда, қайд намуданд, ки ба истифода додани иншооти сохташуда дар гузаргоҳи сарҳадии “Кокул” бо мақсади баланд бардоштани шаффофият, беҳтар намудани назорати идоракунӣ ва афзоиши даромади гумрукӣ амалӣ мегардад.

Қобили зикр аст, ки ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Ҷопон дар самти омодасозии мутахассисони соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ба таври назаррас рушд карда истодааст.Имконияти иншооти тоззабунёд дар Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳади “Кокул” барои кормандон муосиртарин таҷҳизот, шароити будубош, санҷишу азназаргузаронӣ ва назоратиро муҳайё карда, бо истифода аз он услуб, хосса сатҳу сифати хизматрасониҳои гумрукӣ ҳангоми воридоту содироти молу воситаҳои нақлиёт, бақайдгирӣ ва дигар хизматрасониҳо ба талаботи замон мутобиқ гардонида мешавад.

Чунин тадбир дар доираи ҳадафҳои рушд бо мақсади таҳкими иқтидори мақомотҳои ҳифзисарҳадӣ ва масъалаҳо дар самти рушди иқтисодӣ дар минтақаҳои наздимарзӣ амалӣ шуда, барои фаъолияти бозорҳои фаромарзӣ низ шароит муҳайё карда мешавад.

Дар анҷдом Иззатулло Ҳурматзода ба намояндагони Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид, Ҳукумати Ҷопон ва Агентии JICA барои дастгирии ҳамаҷонибаашон изҳори сипос намуда, ёдовар гардиданд, ки дар доираи марҳилаи навбатӣ дар ин дидбонгоҳ ҳамзамон дигар инфрасохтори зарурии хизматрасонӣ бо такя ба технологияҳои пешқадами рақамӣ муҳайё карда хоҳад шуд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: