Истиқлолияти мардуми тоҷик решаи қадимиву устувори маънавӣ дорад ва ибтидои давлатдории мо ба аҳди Каёниён рафта мерасад. Тоҷикон аз азал бо арзишҳои инсондӯстонаву муносибати хайрхоҳона ва меҳнати бунёдкорона шуҳрат ёфтаанд ва бисёр анъанаву суннатҳои неки онҳо ба хазинаи маънавии умумибашарӣ ворид шудаанд.
7 сентябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Cардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, генерал-майори хадамоти гумрук Абдуқодирзода Ҷамшед Комил маҷлиси тантанавиро бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода эълон кард.
Зимни ҷамъомад Ҷамшед Абдуқодирзода кормандони раёсатро бо ин ҷашни пуршукуҳи миллат ва давлат табрик намуда, иброз дошт, ки “Истиқлол, дар маҷмуъ, барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушояд.
Соҳибистиқлолӣ ба мардуми шарифу заҳматқарини Тоҷикистон рӯҳи нав бахшида, сатҳи худшиносӣ, эҳсоси ватандорӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги кишварро ба зинаи нав бардошт.
Тайи даврони соҳибистиқлолӣ миллати куҳанбунёди мо бо таҷрибаву собиқаи давлату давлатдорӣ марҳалаи тақдирсози расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро паси сар кард ва дар шоҳроҳи амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ қадамҳои устувор гузошт.
Ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мо барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллиамон ҳамаи заминаҳои заруриро фароҳам овардем.
Ва дар як давраи начандон тӯлонии таърих даҳҳо лоиҳаи ҳаётан муҳимми саноативу энергетикӣ ва иҷтимоиро татбиқ карда, ҳазорҳо километр роҳҳои замонавӣ ва нақбу пулҳо бунёд намудем, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба манфиати мардуми шарифи Тоҷикистон хизмат карда истодаанд”.
Сипас, дар асоси фармоишҳои Сардори Хадамоти гумрук ва сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе як қатор кормандон барои иҷрои софдилонаи ӯҳдадориoои хизматӣ, интизоми намунавӣ, ноил гаштан ба натиҷаҳои баланд дар фаъолияти хизматӣ ва ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо нишони сарисинагии «Аълочии хадамоти гумрук», бо медали ҷашнии «30-солагии мақомоти гумрук», «Ифтихорнома», «Раҳматнома», туҳфаҳои ҷашнӣ ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ, Ҷамшед Абдуқодирзода бори дигар ҳамаи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанберо ба муносибати фарорасии солгарди навбатии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик намуд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон