Аз 24 то 28 июли соли 2023 ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони Раёсати гумруки Урал ва намояндангони Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Ҳайат таҳти роҳбарии сардори Раёсати гумруки Урал генерал-лейтенанти хадамоти гумрук Фролов Алексей Николаевич ҷиҳати баррасии масъалаҳои таъмини занҷираи бемамонияти таъминоти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба минтақаи Урал, ҳалли мушкилоҳои гумрукӣ, коҳиш додани омилҳои вайрон кардани қоидаҳо аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убури сарҳади давлатии Федератсияи Россия аз кишварҳои Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ ташриф оварда, баррасӣ намуданд.
Дар доираи ташриф санаи 27-уми июли соли 2023 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сардори Раёсати гумруки минтақаи Урали Федератсияи Россия Алексей Фроловро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстона ва иқтисодии ду мамлакат, ки натиҷаи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин аст, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Сардори Раёсати гумруки минтақаи Урали Федератсияи Россия генерал-лейтенант Алексей Фролов дар навбати худ қайд намуд, ки сиёсати пешгирифтаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Россия имкон медиҳад, ки соҳибкорону сармоягузорони ду давлати бо ҳам дӯст, ҳамчун шарикони стратегӣ муносибатҳои худро боз ҳам густариш бахшанд.
Ӯ ҳамзамон илова намуд, ки тибқи дастуру супоришҳои сарони давлатҳо ва шартномаҳои дуҷониба дар гузаргоҳҳои гумрукӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, фаъолияти сардхонаҳо дар гузаргоҳҳо имкон медиҳад, ки соҳибкорон барои интиқоли маҳсулоти худ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ нашуда, маҳсулоти худро ба якдигар дастрас намоянд.
Баъд аз он меҳмонон ба корхонаи муштараки “Ҷавонӣ” ташриф оварда, оиди истеҳсоли молҳо аз нахи пахта ва тартиб содироти молҳои ин коргоҳ шинос шуданд.
Санаи 25 – уми июли соли 2023 меҳмонон аз минтақаи озоди иқтисодии Суғд дидан намуда, аз рафти коркарди маҳсулотҳо ва содироти мол назар карданд. Ҳамон рӯз ба гумруки Мастчоҳ ташриф оварда, бо тартиби барасмиятдарорӣ, шакли пешниҳоди деларатсияи электронӣ, коркарди ҳуҷҷатҳои маъмурӣ, системаи таваккал ва назорати гумрукии молҳо ҳангоми интиқол дар дидбонгоҳи гумрукии Фотеҳобод шинос гардида, доир ба фаъолияти ин гумруку дидбонгоҳ ба саволҳои худ посух гирифтанд.
Санаи 26 – уми июли соли 2023 намояндаҳо аз корхонаи муштараки ҶСП “Оби зулол” – и шаҳри Истаравшан дидан намуда, аз рафти коркарди маҳсулотҳо ва содироти мол аз наздик шиносоӣ намуданд. Дар корхона коркарди мева ва истеҳсоли афшураҳои гуногун чанд сол аст, ки идома дошта, нӯшокиҳо бо бренди «Оби зулол» дар хориҷи кишвар низ харидорони зиёд дорад ва 50 фоизи маҳсулоти истеҳсолшаванда ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла Федератсияи Россия содирот мегардад.
Санаи 27 – уми июли соли 2023 меҳмонон аз корхонаи “Баракат Исфара” – и шаҳри Исфара дидан намуда, аз рафти коркарди маҳсулотҳо ва тартиби содироти мол аз тарафи гумруки Исфара шинос шуданд. Баъдан дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо иштироки намояндаҳои ширкатҳои содироткунандаи меваи хушки ин минтақа ҷаласа оиди зиёд намудани ҳаҷми содирот, ҳалли муаммоҳои ҷойдошта ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ дар Федератсияи Россия музокирот намуданд.
Инчунин, дар доираи сафари корӣ меҳмонон аз қасрии таърихии “Арбоб”, “Боғи миллӣ” ва осорхонаи таърихии шаҳри Хуҷанд дидан намуданд.
Бо ҳамин санаи 28-уми июли соли 2023 сафари кории ҳайати Раёсати гумруки Урал ва намояндангони Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба охир расид.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон