ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маросими расмии роҳандозии пилотии Системаи иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ

26 июли соли 2023 дар шаҳри Душанбе маросими озмоиши Низоми иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд.

 

Дар маросими озмоишии низоми мазкур роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони рушд, инчунин намояндагони бахши хусусӣ иштирок намуданд.

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон иброз намуд, ки бароҳмонии озмоишии Низоми иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ дар роҳи сода гардонидани расмиёти савдо, кам кардани монеаҳо, рушди тиҷорат, таъмини амнияти иқтисодии мамлакат ва рушди ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон қадами муассир аст.

Бо мақсади иҷрои чорабиниҳои Барномаи рушди миёнамуҳлати мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 оид ба такмили маъмурикунонии гумрукӣ, аз нимсолаи дуюми соли 2022 дар асоси созишномаи баимзорасида бо Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (ЮНКТАД), дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Системаи иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ, ҳамчун марҳили нави ислоҳоти гумрукӣ, амалӣ гардида истодааст.

Бояд қайд намуд, ки Системаи иттилоотии мазкур дар доираи қисмати сеюми Марҳилаи чоруми лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ”, ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегардад, амалӣ карда мешавад.

Системаи иттилоотии мазкур фарогири аксари расмиёти тиҷорати хориҷӣ буда, барои коркарди декларатсияи гумрукӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳамроҳикунандаи он, баҳисобгирӣ ва назорати расмиёти транзит, нигаҳдории муваққатии мол ва автоматикунонии дигар расмиёти гумрукӣ пешбинӣ гардидааст.

Система барои суръатбахшии барасмиятдарории гумрукӣ тавассути автоматикунонӣ ва содагардонии расмиёти гумрукӣ нигаронида шуда, бо ин роҳ кам кардани хароҷоти маъмурии иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва мақомоти давлатиро таъмин менамояд. Ҳамчунин, системаи мазкур ба ғанӣ гардидани Буҷети давлатӣ тавассути ҷамъоварии дурусти пардохтҳои гумрукӣ мусоидат менамояд.

Ҳамзамон, мақсади амалисозии системаи мазкур ҳосил намудани маълумоти муътамад ва саривақтӣ дар бораи тиҷорати хориҷӣ ва омори фискалӣ ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ, ки ба ҷараёни банақшагирии иқтисодӣ мусоидат менамоянд, ба ҳисоб меравад.

Татбиқи ислоҳоти гумрукӣ ва гузариш ба системаи АСИКУДА имкон медиҳанд, ки дар сатҳи миллӣ системаи пурраи электронии танзими гумрукӣ ҷорӣ гардида, таҷрибаи муосир ва пешқадами байналмилалӣ бо мақсади баланд бардоштани шаффофият, беҳтар намудани назорати идорӣ ва афзоиши пардохтҳои гумрукӣ амалӣ карда шаванд.

Дигар иқдоми муҳиме, ки дар доираи Марҳилаи чоруми лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ” амалӣ карда мешавад, ин таҳияи Махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фаъолияти гумрукӣ мебошад.

Дастрасӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фаъолияти гумрукӣ барои баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии тоҷирон, шаффофияти расмиёти гумрукӣ ва татбиқи якхелаи қонунгузории гумрук муҳим арзёбӣ гардида, ба ҳадафҳои Созишномаи Созмони ҷаҳонии тиҷорат оид ба содагардонии расмиёти савдо ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди дастрасии озод ба иттилоот созгор мебошад.

Бо ин мақсад, бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ аз ҷониби ширкати ватании барномасоз системаи электронии ягона ва мутамарказ, ки дар он ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи гумрук ҷойгир карда мешаванд, таҳия ва марҳилаи озмоишии он роҳандозӣ карда шуд.

Ҳамчунин, намояндаи Бонки умумиҷаҳонӣ зимнии суханронии худ қайд намуд, ки ислоҳоти соҳаи гумрукӣ барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо баҳри рушди рақамикунонӣ ҳадафи муҳим ба ҳисоб рафта, изҳори хоҳиш намуд, ки дар раванди озмоиши системаи Асикуда тамоми ҷонибҳои манфиатдор бояд фаъолона иштирок намуда, тавваҷӯҳи хосса зоҳир намоянд.

Иброз гардид, ки но вобаста аз дастовардҳои соҳа, мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикстон эҳтиёҷот ба техналогияҳои муосир ва таҷҳизотҳои назорати гумрукӣ дорад. Вобаста ба ин Бонки умумиҷаҳонӣ аз шарикони рушд хоҳиш намуд, ки дар самти мазкур дар оянда низ саҳми худро гузоранд.

Санаи 4 октябри соли 2022 дар дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук бо иштироки Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон, Дабири кулли Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (ЮНКТАД) хонум Ребекка Гринспен, намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, Созмони Милали Муттаҳид ва вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ маросими оғози татбиқи Системаи иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Системаи АСИКУДА бо дарназардошти рамзҳо ва стандартҳои байналмилалии таҳиянамудаи Созмони байналмилалӣ оид ба стандартҳо, Созмони ҷаҳонии гумрук ва Созмони Милали Муттаҳид татбиқ карда мешавад. Системаи мазкурро ба хусусиятҳои миллии расмиёти алоҳидаи гумрукӣ, тариф ва қонунгузории миллӣ мутобиқ намудан имконпазир аст. АСИКУДА мубодилаи электронии маълумоти заруриро байни иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва мақомоти гумрук бо истифода аз стандартҳои пешрафта таъмин менамояд.

Қобили тазаккур аст, ки Системаи иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии АСИКУДА дар зиёда аз 100 кишвари дунё татбиқ гардида, дар фаъолияти мақомоти гумруки ин кишварҳо бо муваффақият истифода мегардад. Дар ин замина, санаи 26 июли соли равон, дар толори меҳмонхонаи Ҳайят Реҷенсӣ маросими расмии роҳандозии пилотии Системаи иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ баргузор гардид.

 

Дар идомаи маросими бароҳмонии озмоишии Низоми иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, инчунин, намояндагони СММ, Бонки ҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушд доир ба муҳимият ва афзалияти Низоми иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ маъруза намуда, онро қадами устувор дар роҳи татбиқи барномаҳои афзалиятноки давлатӣ ва дурнамои рушди иқтисоди миллӣ арзёбӣ намуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: