15 июни соли 2023 дар маркази тиҷоратии “Созидание” Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук доир гардид, ки дар кори он намояндагони мақомотҳои давлатӣ, аҳли тиҷорат масъулини воҳидҳои сохтории Хадамоти гумрук, мутахассисони Барномаи USAID, иштирок намуданд.
Дар ҷаласа баррасии масъалаҳои марбут ба фаъолияти Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳҳои беҳтар намудан ва ҷалбсозии субъектони ФИХ ба институти “Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ”, ҷамбасти натиҷаҳои ҷаласа ва дигар масъалаҳо мавриди баррасии аҳли нишаст қарор дода шуд.
Ҷаласаро Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар кушода эълон намуд.
Турсунзода А.Ҳ. бо сухани ифтитоҳи баромад намуда, қайд намуданд, ки “Мақсади Шӯро ҳамчун мақоми ҷамъиятию машваратӣ, ин пеш аз ҳама мусоидат намудан дар асоси ҳамкории мутақобилаи мақомоти гумрук бо аҳли тиҷорат ва саноат дар таҳия ва татбиқи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мамлакат ва ташкил намудани шароитҳои мувофиқ барои фаъолияти соҳибкорӣ, такмили сохтори амалиёти содиротию воридотӣ ва ҷалб намудани сармояи хориҷӣ мебошад.”
Сипас, Раиси Шӯро иштирокчиёнро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, регламентро барои баромади маърӯзачиён муайян кард.
Вобаста ба масъалаи якуми рӯзнома Турсунзода А.Ҳ. суханро ба роҳбари КВД “Равзанаи ягона”- Файзуллозода Лочин дода шуд.
Файзуллозода Лочин зимни баромад, вобаста ба рафти фаъолияти низоми “Равзанаи ягона”, субъектони ба низом шомилшуда бо рунамо баромад намуд.
Баъд аз он, раисикунанда суханро ба намояндаи Барномаи USAID - Геннадий Машковс дод. Геннадий Машковс зимни суханронӣ вобаста ба афзалиятҳои институти Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ ва таҷрибаи кишварҳои Аврупо дар ин самт иброз андеша кард.
Пас аз анҷоми баромад Геннадий Машковс, ҷиҳати ибрози пешниҳодҳо оид ба роҳҳои беҳтар намудан ва ҷалбсозии субъектони ФИХ ба институти “Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ” бо дарназардошти масъалаи дуюми ҷаласа суханро ба коршиноси байналмилалии Барномаи USAID-Гиви Надирадзе дода шуд.
Коршиноси байналмилалии Барномаи USAID-Гиви Надирадзе зимни баромади худ, оид ба роҳҳои рушд додани институти Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.
Пас аз анҷоми баромадҳо иштирокчиёни ҷаласа ба музокира баромада, вобаста ба масъалаҳои баррасигардида саволҳои худро пешниҳод намуданд ва ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноаткунанда гирифтанд.
Ҳамзамон, роҷеъ ба масъалаҳои дар ҷаласа баррасишуда баъзе аз иштирокчиён фикру ақидаҳо ва таклифу пешниҳодоти худро иброз намуданд.
Муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук Турсунзода А.Ҳ. таклифу пешниҳодҳои аз тарафи иштикорчиён манзургардидаро қобили дастгирӣ шуморида, қайд намуд, ки котиби Шӯро баррасии пешниҳодоти манзуршударо дар ҷаласаҳои минбаъда таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.
Дар охир Турсунзода А.Ҳ. аз ҳамкории мутақобила бо иштирокчиён изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки ҳамкориҳо дар оянда низ бо мақомоти иҷроия ва аҳли тиҷорат, махсусан Барномаи USAID хубтар ба роҳ монда, таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар фаъолияти минбаъдаи Шӯро истифода бурда шавад.
Мақсад аз таъсиси Шуро ҳамчун мақоми ҷамъиятию машваратӣ, пеш аз ҳама дар асоси ҳамкории мутақобилаи мақомоти гумрук мусоидат бо аҳли тиҷорат ва саноат дар таҳия ва татбиқи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таъмини ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мамлакат ва ташкили шароитҳои мувофиқ барои фаъолияти соҳибкорӣ, такмили сохтори амалиёти содиротию воридотӣ ва ҷалб намудани сармояи хориҷӣ мебошад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон