Бо ташаббуси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон рӯзҳои 26-27 майи соли равон дар донишгоҳ Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид, ки дар он Мерафзунов Мерафзун, сардори Раёсати таъмини ҳуқуқии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асоев Баҳриддин, муовини сардори Раёсати ташкили назорати гумрукӣ, Раҳимов Зуҳайл, сардори шуъбаи ҳуқуқии Раёсати танзими ҳуқуқ, Зафари Саидқул, нозири калони Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ ва Ҳайдаров Рауф, сармутахассиси раёсати ислоҳоти андози Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар иштирок намуданд.
Нахуст меҳмонон аз бинои нави таълимӣ, дастовардҳои илмию таълимӣ ва варзишии факултетҳои донишгоҳ, ки ба намоиш гузошта шуда буданд, диданд карда, бо фаъолияти озмоишгоҳи гумрукӣ, озмоишгоҳи иқтисодиёти рақамӣ ва шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таълим шинос шуда, ба шароитҳои муҳайёнамудаи раёсати донишгоҳ баҳои баланд доданд.
Сипас қисмати ифтитоҳии озмун дар толори фарҳангӣ идома ёфт ва дар он ректори таълимгоҳ Абдуалимзода Ҳакимбек бо сухани шодбошӣ баромад карда, меҳмононро ба муассиса хайрамақдам гуфт. Мавсуф аз ҳамкориҳои судманди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, афзуд, ки донишгоҳ бо такя ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи ҷавонон озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси гумрук»-ро байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар баргузор менамояд, ки барои тақвияти дониш ва ҷаҳонбинии иштирокчиён, инчунин тавсеаи ҳамкориҳо ва робитаи байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар самти илму таълим мусоидат хоҳад кард.
Озмуни мазкур дар заминаи ҳамкориҳои мустаҳками донишгоҳ бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвият ва густариш бахшидан ва омода намудани мутахассисони соҳаи гумрук гузаронида мешавад.
Мерафзун Мерафзунов дар навбати худ афзуд, ки иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар озмуни имрӯза шаҳодати завқи баланд доштани онҳо барои аз худ намудани қонунгузорӣ дар низоми гумрукӣ мебошад. “Баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани фарҳанги гумрукӣ дар байни ҷомеа нақши муассир дошта, барои дарёфти мутахассисони болаёқат мусоидат менамояд. Зеро пешрафти фаъолияти гумрукӣ ва ташаккули қисми даромади буҷети давлатӣ ба мақомоти гумрук аз мутахассисони қобилиятнок вобаста мебошад", - қайд кард М. Мерафзунов.
Ёдовар мешавем, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ду рӯз идома ёфт, 32 нафар донишҷӯён аз 8 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуданд.
Озмун аз рӯйи ду номинатсия - «Даставӣ» ва «Инфиродӣ» баргузор ва ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян гардиданд. Дар номинатсияи даставӣ ҷойи якумро ДДМИТ ишғол намуд ва бо Диплом ва 5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуд. Ҷойи дуюм ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дода шуда, бо Диплом ва 3 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуд. Ҷойи сеюм бошад, ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар шаҳри Леваканд дода шуда, ғолибон бо Диплом ва ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд.
Дар номинатсияи инфиродӣ бошад, ҷойи якумро Насриддинов Шоҳрӯз, донишҷӯи ДДМИТ ишғол намуд, ки бо Диплом ва 5 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуд. Ҷойи дуюро Исроилова Қурбонгул, донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва ҷойи сеюмро Муродзода Шаҳриёр, донишҷӯи ДДМИТ ва Муминов Алишер, донишҷӯи ДДҲБТ касб намуданд, ки бо Диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон, барои ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ ба намояндагони як қатор донишгоҳҳо, ба кормандон ва устодоне, ки дар ташкил ва баргузории озмун фаъолона иштирок намуданд, Ифтихорнома, ба аъзои ҳакамон бошад, Сипосномаи ДДМИТ супорида шуд.
Ба ректори ДДМИТ Абдуалимзода Ҳ.А. барои дар сатҳи баланд гузаронидани озмун Сипосномаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Чорабиниро ректори таълимгоҳ Абдуалимзода Ҳакимбек ҳусни анҷом бахшида, ба роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории судманд изҳори миннатдорӣ баён намуда, қайд кард, ки ин озмун бори аввал аст, ки баргузор мегардад ва он барои омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи гумрук ва тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва дониши донишҷӯён мусоидат менамояд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон