Дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2023 вохӯрии роҳбарияти Донишкадаи такмили ихтисос бо муовини Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба мусоидат дар идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА-10) ҷаноби Владимрс Загузовс ва роҳбари минтақавии Барномаи мазкур Марис Даминьш санаи 24 майи соли 2023 баргузор гардид.
Зимни он, масъалаҳо вобаста ба ташкили семинару тренинҳо дар доираи Барномаи мазкур барои баланд бардоштани савияи донишу малакаи кории кормандони мақомоти гумрук, пешниҳоди кумаки техники воситаҳои махсус барои гузаронидани дарсҳои маҷозӣ (дистанционный) ва тавсияҳои коршиносони Барномаи мазкур оид ба таҷрибаи муосири мақомотҳои гумруки кишварҳои тараққикарда дар самти содагардонӣ расмиёти гумрукӣ баррасӣ гардиданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон