ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Баргузории мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе”

Тоҷикистони азизамон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи варзиш ба дастовардҳои намоён ноил гардида, варзишгарон пайваста кушиш ба харҷ медиҳанд, ки Парчами кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.

 

Варзиш яке аз омилҳои асосии муаррифӣ намудани миллату давлат ба ҳисоб меравад. Варзишгарони тоҷик аз ҳама намуди варзиш дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

Дар ин радиф аз 20 май то 25 июни соли 2023 мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” байни кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, ташкилоту муассисаҳо, инчунин ташкилотҳои алоқаманди ҷумҳуриявии дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолиятдошта, баргузор гашта истодааст.

Маврид ба зикр аст, ки дар мусобиқаи кӯшоди футболи хурд, бо иштироки 36 даста, ки ба шаш зергурӯҳ тақсим шудаанд, шурӯъ шуда, бозиҳои даври якум ва дуюм дар зергурӯҳҳои «А», «Б», «В» ва «Г» оғоз гардида, маросими ифтитоҳи расмии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” дар майдончаҳои хурди Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардид.

Бозиҳои аввали даври гурӯҳии “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” хеле ҷолиб баргузор шуданд. Дар даври дуюм дастаи футболи «Хадамоти гумрук» бар дастаи футболи «Кумитаи меъморӣ ва сохтмон» бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард.

Ёдовар мешавем, ки дар дастаи футболи «Хадамоти гумрук» Иброҳимов Баҳром Файзуллоевич, Алиев Ҷаъфар Маҳмадлоиқович, Қодиров Шамсиддин Асохуҷаевич, Навҷувонов Далер Навҷувонович, Ҷобиров Лутфулло Тураевич, Сангинов Соҳибназар Давронович, Алиев Парвизҷон Сироҷиддинович, Абдуллоев Исматулло Асатуллоевич, Валиев Абдуқаҳҳор Қодирович, Ҳайдаров Валиҷон Шарифович, Ҳасанов Тимур Лутфулоевич, Сулаймонов Абдурасул Каримович, Абдураҳмонов Карим Қурбоналиевич ва Қурбонов Суҳбатулло Самандарович бозӣ менамоянд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: