ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Душанбе Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид

21 май дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ доир карда шуд. Дар Дави миллӣ 53 ҳазору 700 нафар шаҳрвандони касбу кори гуногун ва дар марафони велосипедронӣ 1560 кас иштирок намуданд.

 

Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ аз маҳаллаи Чорбоғ оғоз гардида, иштирокчиён то «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт байни ҳам сабқат намуданд. Дар ин маъракаи варзишӣ рощбарият ва кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Мақсад аз баргузории мусобиқа-таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.

Мусобиқаи мазкур маъракаи умумимиллӣ буда, ба солимӣ ва оммавияти варзиш нигаронида шудааст. Мусобиқаи навбатӣ 16 — умин Дави миллӣ маҳсуб мешавад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: