Дар ин чорабинии серӯза, ки аз 26 то 28-уми апрели соли ҷорӣ идома дошт, мақомоти гумруки 78 кишвари ҷаҳон, Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP), Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC), Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ), Созмони Умамиҷаҳонии Гумрук (СУГ), Палатаи Байналмилалии Савдо (ПБС), Федератсияи ҷаҳонии мусоидат ба тиҷорат, Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии интиқол, Шабакаи байналмилалии донишгоҳҳои гумрукӣ ва беш аз 600 нафар намояндагони созмонҳо, ширкатҳо ва академияҳои байналмилалӣ, ширкат варзиданд.
26-уми апрел, дар рӯзи аввали чорабинӣ, пас аз баррасии мавзуи «Ҳафтаи гумруки Корея 2023» дар мизи мудаввар, ки бо ҳузури намояндагони гумруки 78 кишвари ҷаҳон фаъолият мекард, мақомотҳои гумрукӣ ҳамбастагӣ ва ҳамкории худро барои эҷоди низоми ягонаи фарогир ва устувори тиҷорати ҷаҳонӣ тақвият дода, дар ин робита Эъломияи Сеулро қабул намуданд.
Эъломияи Сеул фарогири мавзуъҳои зерин аст, аз қабили содагардонии расмиёти савдо, такмили низоми барасмиятдарории гумрукӣ, сабук кардани монеаҳои ғайритарифӣ, рақамисозии маъмурияти гумрукӣ, дастгирии техникӣ ва баланд бардоштани иқтидори мақомоти гумрук ва сохторҳои он.
Дар робита ба «Ҳафтаи гумруки Корея 2023», Сардори Хадамоти гумруки Корея Юн Тэ Сик иброз намуд, ки: «Дар кишварҳое, ки бинобар сабаби паҳншавии бесобиқаи бемории сироятии COVID-19 фаъолияти одамон, хизматрасонии логистикӣ ва мубодилавӣ боз монда буд, имрӯз фаъолтар мегарданд ва ҳамбастагии мақомотҳои гумрук дар саросари ҷаҳон баҳри тақвияти тиҷорати ҷаҳонӣ ва ҷилавгирӣ аз интиқоли фаромарзии молҳои ғайриқонунӣ ба монанди маводи мухаддир ва силоҳи оташфишон равона гардидааст. Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ таҳкими ҳамкориҳои хадамотҳои гумрук дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Бо эҳё намудани тиҷорати ҷаҳонӣ ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ мо метавонем дар муқобили қочоқи молҳои ғайриқонунӣ мубориза бурда, фазои мусоиди тиҷорати хориҷиро барои содиркунандагону воридкунандагони кишварҳоямон фароҳам оварем. Ҳамзамон, бар асоси фанноварии гумрукии сатҳи ҷаҳонӣ, ки ширкатҳои ватанӣ доранд, мо ҳамкориҳои судмандро бо кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ тақвият намуда, барои роҳ ёфтани ширкатҳои ватаниамон ба бозори ҷаҳонӣ мусоидат менамоем.
Афзоиши ташаннуҷҳои геополитикӣ ва монеаҳои мухталиф дар роҳи тиҷорати ҷаҳонӣ моро водор менамоянд, ки ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мақомотҳои гумрукро тақвият намуда, бар асоси он Эъломияи Сеулро ҷиҳати ташкили занҷирҳои нави тиҷорати ҷаҳонӣ қабул намоем».
Санаи 28 апрели соли 2023 Сардори Хадамоти гумрук аз Маркази кинологии Хадамоти гумруки Корея дар шаҳри Сеул дидан намуда, аз усулҳои мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир бо истифода аз сагҳои хизматӣ шиносоӣ пайдо кард ва баъдан аз Фурудгоҳи байналмилалии Инчони Сеул боздид ба амал овард.
Фурудгоҳи Инчон мақоми байналмилалӣ дошта, дар қатори бузургтарин фурудгоҳҳои ҷаҳонӣ ҷойи махсусро ишғол менамояд. Фурудгоҳи мазкур дар ҳудуди шаҳри Сеул сохта шудааст ва аз маркази шаҳр 70 километр дуртар воқеъ аст.
Аз соли 2001 инҷониб маҷмааи фурудгоҳи байналмилалии Инчон ба интиқолдиҳандагони бузургтарин ширкатҳои ҳавопаймоӣ, самтҳои дохилӣ ва чартерҳо хизмат мерасонад. Ҳамасола барои хизматрасонии сатҳи олӣ бо ҷоизаи «Панҷ ситора» сарфароз мегардад.
Фурудгоҳ дорои 3 хати парвоз буда, масофаи ҳар яки он ба 3750 ва 4000 метр мерасад. Ҳаҷми мусофиркашонии солона беш аз 40 000 000 нафарро ташкил намуда, аз декабри соли 2006 инҷониб Фурудгоҳи байналмилалии Инчон сертификати байналмилалиро барои қабул ва хизматрасонии ҳавопаймоҳои дуқабата соҳиб шудааст, ба монанди Airbus A-380 ва амсоли он.
Ҳайати Тоҷикистон бо як қатор меҳмонони чорабинӣ аз Терминалҳои боркашрнии Фурудгоҳи байналмилалии Инчон, ки иборат аз се терминал, панҷ майдони алоҳидаи нигаҳдорӣ, 24 таваққуфгоҳи ҳавопаймоҳо ва як бинои маъмурӣ иборат мебошад. Ҳар як ширкати ҳавопаймоии боркаш, ки дар фурудгоҳ фаъолият менамояд, ба яке аз терминалҳои боркашонӣ таъин гардида, ба интиқолдиҳандагон маҷмӯи мушаххаси хидматрасониҳоро пешкаш менамоянд. Дар навбати худ терминалҳо ба минтақаи боркашонии воридотӣ, минтақаи боркашонии содиротӣ ва минтақаи транзитӣ тақсим мешаванд.
Терминалҳо бо системаи муосири компютерӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, бо ёрии технологияи муосир занҷири логистикиро дар вақти воқеӣ пайгирӣ менамоянд.
Комплекси боркашонии фурудгоҳ ҳамасола то 4,9 миллион тонна борро қабул намуда, дар он бештар ширкатҳои ҳавопаймоии «Korean Air Cargo» ва «Asiana Cargo» саҳми назаррас доранд.
Маҷмааи боркашонии Фурудгоҳи Байналмилалии Инчон 24 соат дар реҷаи пурраи беисти басти корӣ амал мекунад.
Терминал дорои тамоми инфрасохтори зарурӣ барои хизматрасонӣ ва ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм ва ғайристандартӣ буда, дар он нигоҳдории режими махсуси ҳарорат риоя карда мешавад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон