27 апрели соли 2023 дар ҳошияи чорабинӣ таҳти унвони «Ҳафтаи гумрукии Корея-2023» дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал лейтенанти хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Сардори Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея Юн Тэ Сик вохӯрии дуҷониба анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ Хуршед Каримзода, ба Сардори Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея Юн Тэ Сик барои даъват ва пазироии самимона изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки «Ҳафтаи гумрукии Корея-2023» яке аз омилҳои муҳиме ба шумор меравад, ки ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани робитаҳои байналмилалӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ равона гардидааст.
Дар ин мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои фаъолияти гумрукиро миёни ду кишвар баррасӣ намуда, татбиқи ин муносибатҳоро дар доираи салоҳияти сохторҳои байналмилалӣ ба мақсад мувофиқ донистанд.
Ҳамчунин, ба татбиқи лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ, дастгирии техникии «Зерсистемаи идораи таваккал»-и Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи Хадамоти гумрук, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои мубрами соҳаи гумрукӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Дар натиҷаи вохӯрии мазкур Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея Юн Тэ Сикро дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон даъват намуд.
Дар фарҷоми мулоқот, ҷонибҳо ҳалли масъалаҳои матраҳгардидаро муҳим арзёбӣ намуда, ҷиҳати татбиқи онҳо ибрози омодагии хешро зоҳир намуданд.
Хотиррасон менамоем, ки дар ҳошияи «Ҳафтаи гумрукии Корея-2023» Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони мақомотҳои гумруки Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Гурҷистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳои дуру наздик як қатор мулоқотҳои дуҷониба оид ба масъалаҳои гумрукӣ анҷом додааст.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон