Имрӯз дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея чорабинии байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳафтаи гумрукии Корея-2023» баргузор гардида истодааст, ки он то 28 апрели соли 2023 идома хоҳад ёфт. Ҷониби Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти Хадамоти гумрук - Каримзода Хуршед Абдураҳмон роҳбарӣ менамояд. Дар чорабинии мазкур Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ҳан Дак Су, роҳбарон ва намояндагони мақомотҳои гумруки беш аз 75 кишвари ҷаҳон, соҳибкорону мансабдорони дохиливу хориҷӣ, ҳайатҳои расмии СММ, аз ҷумла Созмони умумиҷаҳонии савдо ва Созмони умумиҷаҳонии гумрук ширкат доранд.
Дар доираи «Ҳафтаи гумрукии Корея-2023» масъалаҳои мусоидат ба ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ, бунёди шароити мусоид барои тиҷорат ва амнияти иқтисоди ҷаҳонӣ дар руҳияи ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳадафи асосии баргузории «Ҳафтаи гумрукии Корея-2023» ин татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ бо дарназардошти тамоюлҳои навтарини технологияи «Зеҳни сунъӣ» ва «Махзанҳои иттилоотӣ» буда, ҷиҳати ошкор кардани интиқоли ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт кумак мерасонад.
Дар доираи чорабинии мазкур барномаҳои мушаххас, аз қабили мизи мудаввар барои роҳбарони мақомотҳои гумрук, семинар оид ба масъалаҳои батанзимдарории тарифии гумрукӣ, мулоқотҳои дуҷониба ва намоиши технологияҳои инноватсионии гумрукӣ пешбинӣ гардидаанд.
Мизи мудаввар таҳти раёсати Сардори Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея баргузор шуда, дар доираи он табодули таҷриба ва сиёсати гумрукии ҳар як кишвар, инчунин таҳкими ҳамкориҳо ва ҳамбастагӣ ҷиҳати бунёди низоми устувори мутақобила оид ба тиҷорати байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин дар нишаст масъалаҳои таҳияи шартномаҳои байналмилалӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ, ҷорӣ намудани низоми «Равзанаи ягона» миёни мақомотҳои гумрук ва мубодилаи маълумот байни мақомотҳои давлатӣ ва танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон