ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрии намояндагони Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи гумруки назди Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон

28 марти соли 2023 дар гузаргоҳи гумрукии “Фотеҳобод” -и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд вохӯрии муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар бо муовини якуми Раиси Кумитаи гумруки назди Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мухторов Илҳом Мухторович баргузор гардид.

 

Мақсад аз баргузории вохӯрӣ ин татбиқи барномаи мусоидати техникии инкишофи долони иқтисодии “Шимкент – Ташкент – Хуҷанд” ва барномаи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ҲИМОМ) буда, инчунин, масъалаҳои марбут ба азнавсозӣ ва таҷҳизонидани гузаргоҳҳои гумрукӣ, аз он ҷумла, “Фотеҳобод/Ойбек”-ро баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин, зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба интиқоли мол миёни Ҷумҳурии Тоқикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки солҳои охир мунтазам афзоиш меёбад, мавриди муҳокима қарор доданд.

Илова бар ин, ҷонибҳо дар масоили марбут ба инфрасохтори наздисарҳадӣ, ки дорои имкони танзими миқдори зиёдшудаи мусофирон ва нақлиётро надорад ва эҳтиёҷи ба азнавсозиро дорад мубодилаи афкори судманд анҷом доданд.

Инчунин, гурӯҳи кории Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазъи кунунии гузаргоҳҳои сарҳадии “Сардоб” / “Зафар” ва “Зафаробод”/ “Хавастобод” дидан намуданд.

Ёдовар мешаем, ки дар вохӯрии боло зикр ҳамчунин, Кабулов Рустам Қаҳраманович – сардори Раёсати ташкили назорат ва танзими гумрукии Кумитаи гумруки назди Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Акрамов Ровшан Тулқунович – сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Кумитаи гумруки назди Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҳакимов Элёр Илҳомжонович – сардори Шуъбаи Раёсати ташкили назорат ва танзими гумрукии Кумитаи гумруки назди Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Хожиматов Олимжон Ҳамиджанович – сардори Раёсати вилояти Тошкенти Кумитаи давлатии гумрукӣ Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Насирдинов Азизбек Абдулхай уғлӣ – сарнозири Раёсати ташкили назорат ва танзими гумрукии Кумитаи гумруки назди Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шарипов Ҷовидон – сардори Раёсати ташкили назорати гумрукии Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзошоева Сулҳия Ҳошимовна – сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукии Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зарифзода Парвиз – ҳамоҳангсози Лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ”, Ҳайдаров Баракатулло – иҷрокунандаи вазифаи менеҷери миллии ЮНКТАД ва намояндагони Бонки Осиёии Рушд иштирок намуданд.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: