Бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи фаъолияти гумрукии факултаи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуи “Роҳҳои баланд бардоштани механизми самаранокӣ ва сифати хизматрасонии гумрукӣ дар шароити гузариш ба иқтисоди рақамӣ” семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар семинари мазкур ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Хайрулло Назарзода, устодон, собиқадорони гумрук ва донишҷӯён ширкат варзиданд.
Чорабиниро ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор Хайрулло Назарзода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 31 соли фаъолияташ ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуда, дар қатори дигар сохторҳои бахши иқтисодӣ ва ҳифзи ҳуқуқ саҳми арзандаи худро дар рушди ҷомеа гузоштааст. Зикр гардид, ки дар шароити имрӯзаи рушди иқтисоди бозоргонӣ ба зиммаи мақомоти гумрук танзими фаъолияти иқтисодии хориҷӣ гузошта шудааст, ки аз кори он инкишофи самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт, густариши соҳибкорӣ дар мамлакат вобастагии зич дорад.
Сипас, як қатор устодон, собиқадорон ва кормандони мақомоти гумрук, аз ҷумла доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Раҷаб Раҷабов, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Нозимҷон Нидоев, доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Баҳовиддин Ҷумаев, капитани хадамоти гумрук Абдуллозода Абдулвосит, номзади илмҳои иқтисодӣ, сарнозири Донишкадаи такмили ихтисоси хадамоти гумрук, майори хадамоти гумрук Шоҳназари Хуҷаназар, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи фаъолияти гумрукии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Сӯҳбатулло Ҳикматов, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи фаъолияти гумрукии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Бӯризода Лоиқшоҳ дар назди ҳозирин маърӯза намуданд.
Дар семинар мавзуъҳои “Масоили истифодаи технологияи рақамӣ дар раванди беҳдошти хизматрасониҳои гумрукӣ”, “Барномаи иқтисоди рақамии Федератсияи Россия ва афзалияти он барои истифода дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Нақши мақомоти гумрук дар таъмини амнияти молиявии мамлакат дар шароити ҷаҳонишавӣ”, “Иқтисодиёти рақамӣ: масоили ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ва такмили он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рушди хизматрасонии гумрукӣ дар чорчӯбаи конвенсияи Киото”, “Саҳми мақомоти гумрук дар амалисозии Стратегияи миллии рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Хусусиятҳои хоси соддагардонии барасмиятдарории гумрукӣ ва сифати хизматрасонии гумрукӣ бо истифода аз технологияи рақамӣ” ва ғайра мавриди баррасии аҳли нишаст қарор дода шуд.
Дар интиҳо аҳли нишаст ба суолҳои худ дар мавзуъҳои болозикр посухҳои мушаххас гирифтанд.