ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санад оид ба содагардонии расмиёти транзитии гумрукӣ дар масири байналмилалии Транскаспий тавассути долони «Шарқ-Ғарб» имзо шуд

16 марти соли 2023 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон вохӯрии коршиносони мақомоти гумруки кишварҳои минтақа ва намояндагони созмонҳои марбутаи байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он нақшаи чорабиниҳо оид ба таҳия ва татбиқи лоиҳаи соддагардонии расмиёти гумрукии транзитӣ бо истифода аз принсипи “Равзанаи ягона” дар долони байналмалалии Транскаспий “Шарқ ва Ғарб” қабул гардид.

 

Нақшаи чорабиниҳо аз ҷониби сардори Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Озарбойҷон Шоҳин Багиров, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Кумитаи давлатии гумруки Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кожабергенов, раиси Хадамоти давлатии гумруки Ҷумҳурии Қирғизистон Самат Исабеков, раиси Кумитаи гумруки Ҷумҳурии Узбекистон Акмалхуҷа Мавлонов ва Хадамоти даромадҳои Гурҷистон Леван Какава ба имзо расид.

Маврид ба зикр аст, ки портали мазкур барои сода гардонидани амалиётҳои гумрукӣ дар асоси хизматрасониҳои рақамии молиявӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.

https://www.trend.az/business/transport/3723447.html

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: