Аз 9 то 10 марти соли 2023 дар меҳмонхонаи «Хилтон»-и шаҳри Душанбе чорабинии омӯзишӣ дар мавзуи «Ҳимояи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинии болозикр 50 нафар кормандони мақомоти гумрук, намояндагони вазоратҳои корҳои дохилӣ, рушди иқтисод ва савдо, инчунин кормадони Прокуратураи генералӣ иштирок намуд.
Чорабиниро муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой ва мушовири калон оид ба масъалаҳои ҳуқуқии Вазорати тиҷорати ИМА (CLDP) Анна Маллет кушода, ба иштирокчиён ва ташкилкунандагони ин чорабинӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Дар рӯзи аввали чорабинӣ, вобаста ба фаъолияти рӯзмараи мақомоти гумрук дар самти ҳифзи объектҳои моликияти зеҳнӣ сардори шуъбаи Раёсати ташкили назорати гумрукӣ Махкамова Замира Икромовна бо рӯнамо баромад намуда, оид ба дастовардҳои мақомоти гумрук дар ин самт, Феҳристи объектони моликияти зеҳнии мақомоти гумрук, тартиби дохил намудан ва хориҷ намудани тамғаҳои молӣ ба Феҳристи мазкур суханронӣ намуданд.
Сипас, дар назди ҳозирин директори Маркази миллии патенту иттилоотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон-Мирзобек Исмоилзода бо рӯнамо вобаста ба самтҳои фаъолияти Марказ баромад намуд.
Дар давраи омӯзишӣ намояндагони Ассотсиатсияи байналмилалии мубориза бо молҳои контрафактӣ (REACT) Казимерас Саржинскас ва Марина Василевская, намояндани ҳамин Ассотсиатсия аз Гурҷистон - Георги Тактакишвили бо рунамоҳо дар назди ҳозирин баромад намуданд.
Дар рӯзи дуюми давраи омӯзишӣ намояндагони брендҳои “PUMA” , “Lacoste” ва дигар тамғаҳои молии машҳур, ки дар Феҳристи гумрукии объектони моликияти зеҳнии мақомоти гумрук сабт шудаанд, суханронӣ намуда бо кормандон оид ба ҳаммонанд намудани молҳои аслӣ ва шинохтани молҳои қалбакӣ мушғулиятҳои амалӣ гузарониданд.
Дар анҷом ба иштирокчиён сертифакат дода шуд.