13 марти соли 2023 дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук, Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Шахин Багиров, Раиси Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Озарбойҷон вохӯрӣ намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба мавзуи лоиҳаи содагардонии расмиёти транзитии гумрукӣ дар масири байналмилалии Транскаспии долони миёнаи «Шарқу-Ғарб» бо истифода аз принсипҳои «Равзанаи ягона» табодули афкор намуданд.
Ҳамчунин, санаи 14 марти соли 2023 ҷаласаи коршиносон ва 15 март бошад вохӯрии бисёрҷонибаи роҳбарони мақомоти гумруки Озарбойҷон, Қазоқистон ва дигар кишварҳои Осиёи миёна пешбинӣ шудааст.
Дар чорабинӣ заминаҳои рушди долонҳо мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, тамоюлҳои мавҷудаи рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва баҳодиҳии имкониятҳои инкишофи савдо дар асоси рушди долонҳои нақлиётӣ, афзоиши иқтидори транзитӣ, таҳкими ҳамкориҳои кишварҳо, инчунин ҳамгироии зичи долони Транскаспии «Шарқу-Ғарб» бо системаи байналмилалии нақлиётӣ ва логистикӣ арзёбӣ мегардад.
Дар рушди инфрасохтори нақлиётии рақобатпазир, ки Аврупо ва Осиёро мепайвандад, таҳияи роҳҳои алтернативӣ ва коридорҳо барои ҳамлу нақли борҳои содиротӣ ва транзитӣ пешбинӣ гардидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар мулоқот, инчунин сардори Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ, генерал-майори хадамоти гумрук, Зайдуллозода Иззатулло Табарӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ, ва кормандони Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Озарбойҷон ширкат варзиданд.