14 феврали соли 2023 дар шаҳри Женева, қароргоҳи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо зимни вохӯрии корӣ доир ба масъалаҳои ҳифзи моликияти зеҳнии низоми кишвар ва дастовардҳо дар ин самт муаррифӣ карда шуданд. Ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид роҳбарӣ намуд.
Ҳамзамон пешниҳод гардид, ки ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори сохторҳои давлатии дахлдор ба Тоҷикистон кумаки техникӣ ва мусоидат сурат гирад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҳайати расмии Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва амалӣ гардидани ташаббусҳои қайдгардида баён намуд, инчунин таклифе, ки дар боло аз ҷониби ҳайати кишвар пешниҳод гардид аз тарафи созмон дастгирӣ ёфт.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳайати мазкур аз ҷониби Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати ташкили назорати гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Ҷовидон Шарипов шомил буд.