ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мусобиқаи гӯштини дзюдо ба муносибати 30 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 13-14 феврали соли 2023 дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД мусобиқаи гӯштини дзюдо баргузор намуд.

Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ Хадамоти гумрукро се нафар намояндагӣ намуда дар вазнҳои 66-86-100 фаъолона иштирок намуданд. Дар вазни 81 кило нозири хадамоти гумрук дар “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”-и РМГ дар шаҳри Душанбе лейтенанти хадамоти гумрук, Қурбонов Суҳбатулло Самандарович маҳорати хуб нишондода ба гирифтани мақоми дуюм шарафёб гардид.

Инчунин, дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хадамоти гумрук сипоснома низ тақдим карда шуд.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: