Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони гумрук бо иштироки роҳбарияти Раёсат ва ҳайати шахсӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Маҷлиси тантанавиро сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, генерал-майори хадамоти гумрук Абдуқодирзода Ҷамшед Комил ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳайати шахсии раёсатро барои иштирок дар ин ҷаласа хайрамақдам намуда, иброз намуданд, ки «роҳбарият ва ҳайати кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе соли сипаришуда дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини даромадҳои гумрукию ҷилавгирии қочоқи молу маҳсулот фаъолияти густурда ва самарабахш ба роҳ монда, ба дастовардҳои чашмрас ноил гардиданд».
Зимни суханрони Сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Абдуқодирзода Ҷамшед иброз намуд, ки “мақомоти гумрук дар ташаккули қисми даромади Буҷети давлатӣ нақши калидӣ дошта, баҳри таъмини амнияти иқтисодии мамлакат рисолати муҳими ҳифзи ҳуқуқӣ анҷом медиҳад ва ба равандҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ таъсир мерасонад. Мақомоти гумрук ҳамчун мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти ғанӣ гардонидани буҷети давлат, пешгирӣ аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқи оташфишон, аслиҳа, ҳифзи сарватҳои моддиву фарҳангии мардум, пешгирии қонуншиканиҳои гумрукӣ, ҳифзи амнияти иқтисодии ҷумҳурӣ, густариши равобити иқтисодиву иҷтимоӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ, таҷдиду такмили муносибатҳои бозоргонӣ, назорат аз болои содироти молҳои муҳими дорои аҳамияти стратегӣ ва ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагон нақши калидӣ дорад”.
22 январи соли 1992 бо таъсиси Саридораи назорати гумрукӣ дар назди Девони вазирони ҷумҳурӣ заминаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон гузошта шуд. Раванди барқароршавии мақомоти гумруки мамлакат ба шароити хеле мураккаб рост омад, ки бесарусомониҳои сиёсии дохилӣ ба содироти беназорати арзишҳои моддии асоси иқтисодиёти ҷумҳуриро ташкилкунанда мусоидат намуданд. Дар нахустин солҳои Истиқлолияти давлатӣ мақомот, иншооти гумрукӣ ва кадрҳои баландихтисоси соҳаи гумрук қариб ки мавҷуд набуданд. Танҳо як нуқтаи гумрукии Панҷи Поён ба мерос монда буд ва беш аз 2350 километр сарҳадоти маъмурӣ бо ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ба сарҳади давлатӣ табдил ёфтанд. Дар чунин шароити мураккаби вазъи сиёсии соли 1992 бо дастгирии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти гумрук таъсис дода шуд ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарифи гумрукӣ» таҳия ва тасдиқ гардид, - қайд кард зимни суханронии худ Ҷамшед Абдуқодирзода.
Ёдовар мешавем, ки санаи 21 январи соли 2023 Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон, генерал – лейтенанти хадамоти гумрук, Каримзода Хуршед Абдураҳмон ба истиқболи 31 – умин солгарди таъсисёбии мақомоти гумрук ба генерал-майори хадамоти гумрук, Абдуқодирзода Ҷамшед Комил, сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе “Ифтихорнома”, ки дар фаъолияти корӣ дастовардҳои назаррас доранд, сарфароз гардонида шуд.
Сипас, дар асоси фармоишҳои Сардори Хадамоти гумрук, сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе як қатор кормандон барои иҷрои софдилонаи ӯҳдадориҳои хизматӣ, интизоми намунавӣ, ноил гаштан ба натиҷаҳои баланд дар фаъолияти хизматӣ ва ба муносибати 31-солагии таъсисёбии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо медали ҷашни «30-солагии мақомоти гумрук»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Ифтихорнома», «Раҳматнома», рутбаҳои махсуси навбатии хадамоти гумрук ва бо дигар мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ Сардори Раёсат, Ҷамшед Абдуқодирзода бори дигар ҳозиринро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии мақомоти гумрук табрику шодбош намуда, ба хонадони ҳар якашон фазои фораму фарогири файзу фароғат, меҳру муҳаббат ва дар кору пайкори ояндаашон муваффақиятҳо таманно намуд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон