9 декабри соли 2022 Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдуҳраҳмон аз раванди омӯзиш, шароити буду боши кормандон ва нигоҳубини макони сагҳои хизматии Хадамоти гумрук, ки воқеъ дар Комплекси хоҷагию маишии Хадамоти гумрук ҷойгир мебошад, диданд намуданд.
Дар ин давра бо дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти Хадамоти гумрук, макони нигоҳдории сагҳои хизматӣ пурра аз нав таъмир гардида, ҷойҳои махсус барои кормандон ва сагҳои хизматӣ ҷиҳати дар ҳамаи фаслҳо гузаронидани машқҳои омӯзишӣ сохта ба истифода дода шуд.
Бояд қайд кард, ки тибқи фармоишҳои Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022, “Оид ба гузаронидани курси омӯзишӣ”, ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши кормандони Хадамоти гумрук дар самти кинологӣ фаъолияткунанда ба роҳ монда шуда буд.
Дар курсҳои дар боли зикршуда кормандон аз раёсатҳои минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, Хатлон, шаҳри Турсунзода ва шаҳри Душанбе иштирок менамуданд.
Машғулиятҳо аз тарафи устодони Маркази кинологии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҷалби кормандони масъули Раёсатҳои дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук, ки аз рӯйи Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Хадамоти гумрук ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 гузаронида шуда, ташкили раванди таълим аз ҷониби Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ва Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ таҳти назорати доимӣ қарор дода шуда буданд.
Ҳамчунин, аз 25 октябр то 10 декабри соли 2022, дар макони нигоҳдории сагҳои хизматии Хадамот, воқеъ дар Комплекси хоҷагию маишии Хадамоти гумрук, курси омӯзишӣ барои 5 нафар корманди дар самти кинологӣ фаъолияткунанда аз воҳидҳои сохтории раёсатҳои минтақавии гумрукӣ ҷалб карда шуданд.
Зимни сафар Каримзода Хуршед бо иштирокчиёни курси омӯзишӣ ҳамсӯҳбат шуда аз корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатманди баён намуда, барои вусъат ва тақвият бахшидан дар ин самт дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Инчунин, дар саҳни ҳавлии макони сагҳои хизматии Хадамоти гумрук чорабинии амалӣ оид ба натиҷаи омӯзиш баргузор гардид.
Санҷиши иштирокчиёни курси омӯзишии мазкур ва сагҳои хизматии онҳо тибқи тартиби машқи ҷустуҷӯи воситаи нашъадори «бангдона» дар дохили баѓоҷ» ва «героин» дар воситаи нақлиёти боркаш амали карда шуд.
Ҳамчунин, барои шаффофияти машқҳои мазкур вонамудкунандагони одорологии (имитатор) бӯи воситаҳои нашъадор, бевосита аз ҷониби санҷишгирандагон дар ҷойҳои болозикр пинҳон карда шуданд, ки азҷониби иштирокчиёни курси омӯзишии мазкур ва сагҳои хизматии онҳо бомуваффақият муайян карда шуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки боз 5 саги хизматӣ, ки барои ҷустуҷӯи воситаҳои нашъадор омода ва омӯзонида шудаанд, бо фармоишҳои Хадамоти гумрук аз 1 декабри соли 2022, ба раёсатҳои минтақавии гумрукӣ, барои пурзӯр намудани дидбонгоҳҳои наздисарҳади фиристонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин давра бо мақсади ривоҷ додани самти кинологӣ аз ҷониби Хадамоти гумрук ба мақомоти гумруки давлати Озорбойҷон дархост оид ба расонидани кӯмакӣ башардӯстона дар намуди пешниҳод намудани сагҳои хизматии хушзоте, ки дар Маркази кинологии мақомоти гумруки Озорбойҷон барои ҷустуҷӯи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо омӯзонида шудаанд, ирсол гардид.
Ҷониби Озорбойҷон дар робита ба ин масъала омодагии худро барои тайёр, омӯзонидан ва дар оянда ба таври ройгон тақдим намудани ду сар саги хизматии зоти «Овчаркаи Белгиягӣ» намуди Малинуа, ки зоти мазкур алҳол дар ҷаҳон яке аз беҳтарин саг барои истифодаи хизматӣ ба ҳисоб меравад, расман тасдиқ намуд.
Ҳамзамон, Агентии молиявӣ ва маниторингӣ Ҷумҳурии Қазоқистон омодагии худро барои тақдими се саги хушзоти «Овчаркаи Белгиягӣ» намуди Малинуа изҳор намуд.
Инчунин, муассисаи таълимии хусусии таҳсилоти иловагии “Мактаби россиягии тайёркунии сагҳои – роҳнамои Ташкилоти умумироссиягии Ҷамъияти маъюбони “Ордени умумироссиягии нишони Сурхи Меҳнати Ҷамъияти нобиноён ба таври ройгон ба Хадамоти гумрук як саги хушзоти Лабрадор – Ретривер барои истифодаи хизматӣ тӯҳфа намуд.
Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби ООО “Лаборатория средств индикации” – Федератсияи Россия ёздаҳ адад вонамудкунандаи одорологии (имитатор) бӯи воситаҳои нашъадор ҷиҳати таъмини раванди таълимии сагҳои хизматӣ дар ҷустуҷӯи воситаҳои нашъадор ба таври ройгон, ворид гардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки бо дарназардошти ҳолати кунунии минтақа, барои пешгирии омилҳои ғайриқонунии гардиши маводи мухаддир, пеш аз ҳама баланд бардоштани неруи инсонӣ зарурати таъмин намудани кормандони масъул бо лавозимоти муосири корӣ, аз ҷумла мукаммалгардонидани бахши кинологӣ ба миён омадааст, ки дар робита ба ин, роҳбарияти мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тайёр ва бозомӯзии кадрҳо дар самти кинология таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, омӯзишӣ мутахассисони соҳаи кинологияро дар дохил ва берун аз он роҳандозӣ кардаанд.