ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти “Кӯкнор-2022”

13 декабри соли 2022 дар толори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти “Кӯкнор-2022” бо иштироки Муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук, Раҳимзода Раҳмоналӣ Ҳамро ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Ҷаласаро Муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовар, Раҳимзода Раҳмоналӣ Ҳамро оғоз бахшид.

Сипас, корманди Агентии назорати маводи нашъаовар роҷеъ ба шарҳи вазъи вобаста ба амалиёти “Кӯкнор-2022” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешкаши иштирокчиёни ҷаласа намуд.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласа вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон тибқи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар солҳои 2021-2025 баргузор мегарданд, ки дар кори он намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.

Амалиёти “Кӯкнор” дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ошкор ва нобуд сохтани растаниҳои нашъадори худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар, инчунин баргузории чорабиниҳои маҷмӯии таблиғотӣ-пешгирикунанда дар байни табақаҳои мухталифи аҳолӣ аз 1 июн то 30 ноябри соли 2022 роҳандозӣ гардида буд.

Маврид ба зикр аст, ки барои ташкили кор, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти воҳидҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар маҳалҳо дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Ситоди кории амалиёти “Кӯкнор-2022” ташкил карда шудааст.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: