ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ташкили курсҳои таҷрибаомӯзӣ барои кормандони Хадамоти гумрук дар шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия 

Аз 11 то 13 октябри соли 2022 дар шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия барои намояндагони муассисаи таълимии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои таҷрибаомӯзии кӯтоҳмуддат баргузор гардид.

 

Мақсад аз баргузории чунин курсҳо ин ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷрибаи кории узви кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар самти фаъолияти гумрукӣ буда, бо ташаббуси Барномаи ҳамкориҳои идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА 10) ба роҳ монда шуда буд.

Дар чорабинии болозикр сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук, полковники хадамоти гумрук Амириён Ё.О. ва нозири кафедраи «Иқтисодиёт, ҳуқуқ ва фанҳои махсус»-и Донишкада, капитани хадамоти гумрук, Каримов С. Х. иштирок намуданд.

Ҳамчунин, дар чорабинии сатҳи баланди корӣ муовини гумруки Ҷумҳурии Латвия Ингрида Гулбе – Отанке ва коршиносони байналмилалии Барномаи БОМКА 10 аз узви Иттиҳоди Аврупо иштирок намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар чорабинии мазкур аз ҷониби сардори Шуъбаи банақшагирӣ ва координасияи ҳамкорӣ ва инкишофи гумрук Илза Куртина ва намояндаи Шуъбаи кадрҳо Сандила Киркила бо рӯнамо баромад намуда, дар раванди баргузории рӯнамо музокираи мутақобилаи судманд миёни намояндагони ду кишвар сурат гирифт.

Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби коршиносон оид ба таҷриба ва ҳамкорӣ, инчунин мубодилаи тарафайни маълумотҳо вобаста ба фаъолияти илмӣ-таълимӣ дар кишвари Латвияи узви Иттиҳоди Аврупо иттилоъ дода шуд.

Инчунин, тибқи нақша, ба Донишгоҳи техникии шаҳри Рига ташриф оварда шуда, бо ректори донишгоҳ Айварс Вилнис Крастинс, декани факултети иқтисод ва менеҷменти муҳандисии кафедраи гумрук ва андоз Айварс Гулбис ва корманди кафедраи гумрук ва андози Донишкадаи байналмилалии тиҷорат ва гумруки факултети иқтисод ва идоракунии муҳандисӣ Eлина Луданс, мулоқот доир гардида, аз ҷониби устодон ба намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи таҷрибаи Ҷумҳурии Латвия омӯзонида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамчунин, аз ҷониби кормандони Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук, ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникии шаҳри Рига дар мавзӯъҳои «Таърихи ташаккулёбӣ ва рушди гумруки Тоҷикистон» (История формирования и развития таможни Таджикистана) ва «Системаи ташкили раванди такмили ихтисоси кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон» (Система организации процесса повышения квалификации сотрудников в Таможенной службе Таджикистана), бо рӯнамо машғулият пешкаш карда шуд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: